Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзҳои байни Русияву Гурҷистон боз мешаванд


Муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон Нино Каландадзе гуфт, Русияву Гурҷистон ҷиҳати гушоиши гузаргоҳи марзии Ларси боло тавофуқ бастаанд. Ин гузаргоҳ се сол боз баста буд. Хабаргузории Интерфакс навишт, ки гузаргоҳи дигар дар марзи ду кишвар - Казбегӣ низ шояд боз шавад.
Ин гузаргоҳҳо эҳтимолан дар моҳи марти соли оянда дубора кушода хоҳанд шуд ва хонум Каландадзе гуфтааст, ҳадаф танҳо таъмини транзити молҳо нест, балки ин гузаргоҳҳо метавонанд ба манзури азсаргирии тиҷорат миёни Русия ва Гурҷистон низ истифода шаванд.
XS
SM
MD
LG