Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2009: Соли сурхи Эрони сабз


Тобистони соли равон донишҷӯи 24-сола Ҳусейн, ба нишони эътироз алайҳи, ба гуфтаи ӯ, интихоботи ба яғмо рафта ба кӯчаҳои Теҳрон баромад. Он замон Ҳусейн талаб дошт, раъйи ӯро, ки барои таъмини пирӯзии густардаи Аҳмадинажод истифода шуд, ба ӯ бозпас бидиҳанд.

Ҳоло, бо гузашти шаш моҳ, Ҳусейн мегӯяд, ӯ дигар бо талаби боз гирифтани овози худ қонеъ нест, ӯ акнун бештар аз инро мехоҳад. Ҳусейн узви Ҳаракати Сабз аст, ки дар ин шаш моҳи кӯтоҳ аз гурӯҳи тарафдори Мусавӣ ба як ҷумбиши муттаҳидаи оппозитсионӣ табдил ёфтааст.

Ба думболи эълони пирӯзии Аҳмадинажод, чанд соат баъд аз анҷоми овоздиҳӣ, тӯдаи ҷонибдорони Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ ба кӯчахо рехтанд. Ин хабар, ки даври дуввуми интихобот баргузор намешавад ва ҳарчӣ ҳаст ҳамин аст, мухолифони Аҳмадинажодро ба шӯр овард ва онҳоро ба оғӯши гурӯҳҳое тела дод, ки интихоботро бойкот карда буданд. Имрӯз мухолифин зери парчами "Ҷумбиши Сабз" муттаҳид шудаанд ва акнун ҳукумат наметавонад ин нирӯро нодида бигирад. Ҳамид Дабошӣ, профессори бахши омӯзишҳои Эрон дар Донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк ин ҷумбишро оғози ҳаракати шаҳрвандӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи мардум арзёбӣ мекунад.

Кучост райъи ман? - шиори садҳо ҳазор нафар буд, ки интихоботи моҳи июнро ҳамчун табаддулоти давлатӣ маҳкум мекарданд. Аммо эътирози амну ороми шаҳрвандон дар кӯчаҳо ба муқовимати шадиди нирӯҳои амниятӣ ва низомиёни Басиҷ рубару шуд, ки гуфта мешавад, ба сӯи тазоҳургарон оташ кушоданд, онҳоро латукӯб карданд ва бо ҳадафи пароканда намудани онҳо аз гази ашковар истифода намуданд. Ба гуфтаи мухолифин, бар асари ин ҳуҷумҳо ҳадди ақал 72 тан кушта шуданд. Аммо кушторе, ки ҷаҳонро такон дод, куштори духтараки ҷавони эронӣ Нидо Оғосултонӣ буд, ки гуфта мешавад, аз сӯи нишонгири ҳукуматӣ ба ҳалокат расидааст. Нидо ба рамзи Ҷумбиши Сабз табдил шуд

Дар ҷараёни эътирозҳои баъди интихобот бештар аз 2 ҳазор нафар, бо шумули сиёсатмадорон, ислоҳотталабҳо ва аҳли зиё боздошт шуданд. Ҳадди ақал ду нафар бар асари латукӯб дар маҳбас ба ҳалокат расид. Бештар аз 100 нафар бо иттиҳоми кушиши "инқилоби махмалин" ба додгоҳ кашида шуд. Гуфта мешавад, баъзе боздоштшудаҳо ба хотири эътирофи дурӯғини гуноҳ мавриди шаканҷаи шадид қарор доштанд. Бо ин ҳама фишору хушунат " Ҷумбиши сабз" сулҳҷӯ боқӣ монд.

Дар шаш моҳи гузашта талаби ҷумбиш қотеътару бештар шуд ва акнун аз озодии ҳамаи маҳбусон то озодии баёну ислоҳотро дар бар гирифтааст. Баъзеҳо ҳатто мавзӯъи тағйири сохтори сиёсии Эронро матраҳ кардаанд.

Дар ин муддат дар шиорҳои ҷумбиш аломатҳои турндравӣ ба мушоҳида расидаанд, ки ба гуфтаи нозирон, паёмади ҳуҷумҳои саркӯбкунандаи ҳукумат будааст. Бисёре аз шиорҳо раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманеиро ҳадаф қарор додаанд, ки дар интихобот аз Аҳмадинажод пуштибонӣ кард.

"Ҷумбиши Сабз" ҳамчунин ба иттиҳоди тамоми гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат муваффақ шуд ва аз донишҷӯву сиёсатмадор то рӯҳониву ҳомии ҳуқуқи башар - ҳамаро дар зери як чатр ба ҳам овард. Ду номзади шикастхӯрда дар интихоботи моҳи июн - Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳди Каррубӣ ва ҳамчунин раисҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммад Хотамӣ раҳбари ҷумбиш ва рӯҳонии дигарандеш оятуллоҳ Мунтазирӣ рамзи Ҷумбиши Сабз шинохта шуданд. Аммо донишҷӯ Ҳусейн, мегӯяд, Мусавӣ ва Каррубӣ аз думболи мардум рафтанд, на мардум ба думболи онҳо. Як журналисти муқими Теҳрон ҳам мегӯяд, агар ин ду раҳбар талабу ормонҳои мардумро бароварда насозанд, зимоми кор ба дасти раҳбарони нав хоҳад гузашт.

Бо ин ки чигунагии сарнавишти Ҷумбиши Сабз ҳанӯз қобили пешгуӣ нест, боз ҳам аксари коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Эрон ба чолиши азиме рубару шудааст. Ҷин, ба истилоҳ, аз кӯза бадар шуд ва лагом задан ба он корест сангин, мегӯянд таҳлилгарони масоили Эрон.

Шаш моҳи пеш ҳеҷ кас интизор надошт, ки бахши бузурги эрониҳо ба нишони эътироз алайҳи натоиҷи интихобот ба кӯчаҳо мерезанд. Он замон Аҳмадинажод тазоҳуротро ҳамчун як амали хурду реза ба инобат нагирифт. Аммо он нукта рӯшан аст, ки эътирози мардум зербинои ҳукуматро такон дод ва онро ба бӯҳрони гӯшношунид рубару кард.

"Эрон дигар он Эрони пешин нест", мегӯяд як рӯзноманигори муқими Теҳрон, ва меафзояд, дигар аҳамият надорад, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз маҷрои дигаргуниҳо чӣ кор хоҳад кард, зеро акнун фарёди бедорӣ дар гӯши мардуми Эрон танин андохтааст.
XS
SM
MD
LG