Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳо дар маросими сӯгвории оятуллоҳ Мунтазирӣ


Ҳамлаи муҳофизакорон ба манзили оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри Қум
Ҳамлаи муҳофизакорон ба манзили оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри Қум

Тибқи гузоришҳо дар арафаи маросими сӯгвории оятуллоҳ Мунтазирӣ нерӯҳои интизомии Эрон бо ҷонибдорони мухолифин задухурд кардаанд.

Сомонаи интернетии мухолифин ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, азодорон барои маросими ёдбуд дар маркази шаҳри Исфаҳон гирдиҳам омаданд ва пулис баъзеҳоро боздошт кард. Аҳмад Холиқӣ, мушовири рӯҳонии ислоҳотталаби оятуллоҳ Тоҳирӣ, ба радиои Фардо гуфт, неруҳои амниятӣ иҷозат надоданд, ки маросими ёдбуд дар Исфаҳон баргузор шавад ва маросимро дар зодгоҳи Мунтазирӣ, шаҳри Наҷафобод, доир карданд. Ӯ гуфт, шахсан дидааст, ки чӣ тавр пулис ҳадди ақал 20 нафарро дар Исфаҳон боздошт кардааст.

Ин хабар дар ҳоле дастраси ҳамагон шуд, ки ду рӯз қабл ҳангоми ба хок супурдани Мунтазирӣ дар шаҳри Қум таҷаммӯъи бузурги мардум гирдиҳам омада, шиорҳои зиддиҳукуматӣ медоданд. Мунтазирӣ, ки ҳафтаи гузашта даргузашт, аз тарроҳони аслии Инқилоби исломии соли 1979 буда, баъдан, ба мунаққиди ашаддии раҳбарияти муҳофизакори кунунии Эрон мубаддал гашт.

Шоҳидони айнӣ ба Фардо гуфтанд, азодорон ва ҷонибдорони мухолифин барои маросими ёдбуд ба шаҳри Исфаҳон омаданд, аммо онҳоро дар назди бинои масҷид нерӯҳои интизомӣ ва кормандони амниятии либоси мулкӣ бар тан мунтазир буданд.
Тибқи баъзе хабарҳо, пулис барои пароканда намудани тарафдорони Мунтазирӣ аз нерӯ ва гази ашковар истифода бурд.

Сомонаи интернетии мухолифин навиштааст, шумораи зиёди азодорон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва дастикам 50 танашон боздошт шуданд. Тибқи ин манбаъ, нерӯҳои амниятӣ ҳавлии як дигар рӯҳонии ислоҳотталаб оятуллоҳ Ҷалолиддин Тоҳириро, ки мебоист, раҳбарии маросимро ба зимма мегирифт, ба иҳота гирифтанд.

Шоҳидон гуфтанд, азодорон дар муқобили оятулло Хоманеӣ шиор медоданд, онҳо бо садои баланд фарёд мезаданд, ки “Хоманеӣ қотил аст ва ҳукуматаш сифр аст”.

Ба ақидаи таҳлилгарон, марги Мунтазирӣ, ки миёни эрониён эътибораш бениҳоят бузург буд, ҷумбиши мухолифинро нерӯи нав бахшид. Дирӯз муҳофизакорон, ки давлат маъмулан онҳоро пуштибонӣ мекунад, ба манзили писарони Мунтазирӣ ҳамла оварда, тирезаҳояшро шикастанд. Онҳо инчунин ба манзили дигар рӯҳонии ислоҳотталаб оятуллоҳ Юсуф Санеъӣ ҳамла карданд. Аҳмад Мунтазирӣ, фарзанди бузурги оятуллоҳ Мунтазирӣ ба радиои Фардо гуфт, бовар дорад, ки мақомотро издиҳоми азодорон ба тарс овардааст.

Интизор меравад, рӯзи 27-уми декабр, яъне, зимни ёдбуди 7 рӯзи реҳлати Мунтазирӣ эътирозҳои густардатар ба амал оянд.
XS
SM
MD
LG