Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду варзишгари тоҷик ба Ванкувер мераванд


Дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Ванкувери Канада ду варзишгар аз Тоҷикистон – лижаронҳо Алишер Қудратов ва Андрей Дригин ширкат хоҳанд кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ахиран Кумитаи олимпии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар федератсияҳои варзиши кишвар мавзӯъи омодагиҳо ба қувваозмоиҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Ванкуверро баррасӣ намуд. Дар ду Бозии қаблии зимистонаи олимпӣ дар шаҳрҳои Солт-Лейк Ситии ИМА ва Турини Италия аз Тоҷикистон фақат Андрей Дригин намояндагӣ мекард ва аммо ба комёбии назаррас даст наёфта буд.
Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Ванкувери Канада аз 12 то 28 феврали соли равон баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG