Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи интихобот қариб 5,5 миллион сомонӣ мешавад


Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хароҷоти интихоботи парлумонии 28 февралро 5 миллиону 443 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллар, баровард кардааст. Дар ҷаласаи кумиссиюн ҳамчунин шаклу ҳаҷми аксҳои таблиғотии номзадҳо мушаххас шуда, ба хотири танзими фаъолияти нозирони хориҷӣ дар рӯзҳои интихобот як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис дода шуд.
Интихоботи саросарии парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли 2010 баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG