Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон канали нави TV ва радиои русӣ боз мекунад


Гурҷистон мегӯяд, гушоиши як канали нави телевизионии пахши барномаҳоро ба забони русӣ ва ба забонҳои аҳолии Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла ба забони чеченӣ, ба нақша гирифтааст. Леван Гахеладзе-раиси мудирияти амонатдорони пахши барномаҳои ҷамъиятии Гурҷистон гуфт, фикри гушоиши чунин канал нав нест, вале ҷанги моҳи августи соли гузашта кор бо ин тарҳро суръат бахшид. Ба гуфтаи Гахеледзе, барои гушоиши канали ҳамсони радиоӣ низ нақшаҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG