Дар натиҷаи резиши тарма ва боришоти барф се рӯзи пеш роҳи автомобилрави Душанбе-Хуҷанд дар қисмати ҷанубии нақби Истиқлол ё Анзоб ва дар қисмати ҷанубии ағбаи Шаҳристон баста шудааст. Дар ин бора Анзур Раҷабов-корманди бозрасони давлатии автомобӣ дар водии Зарафшон ба радиои Озодӣ телефонӣ чунин гуфт:
"Тарма дар чаҳор ҷо фуромадагӣ. Тарафи Душанбе маълум нест. Се рӯз шуд роҳ баста аст".
Бино ба гуфтаи шоҳидон, ҳазорон нафар мусофирон дар ду тарафи нақби Истиқлол ва дар қисмати ҷанубии ағбаи Шаҳристон дар оғуши сармои зимистон банд мондаанд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.