Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли илм ва фан


Дар ин барнома назаре меандозем ба ақиб ба таҳаввулоти илмии муҳими Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2009, ки ҳосили онро соли оянда шояд бубинем. Ҳамчунин, аз муҳимтарин кашфиёти илмиву фанновариҳо дар соли 2009 мегӯем, ки тамоюлҳо дар ҷаҳон ва ё ҳатто шеваи зиндагии ҷомеаҳоро тағйир доданд.

Дар ин барнома иддао намекунем, ки кашфиёту дастовардҳои илмие, ки аз он хоҳем гуфт, шояд муҳимтарин дар Тоҷикистон бошанд, зеро шояд кашфиёте буд, ки бинобар хоксор будани муаллифаш дар ҷое аз он гуфта нашуд. Шояд ихтироъе буд, ки ягон донишманди тоҷик намехоҳад то замони муаяне онро эълом кунад ва шояд айби мо хабарнигорон ҳам буд, ки натавонистем, пажӯҳишу кашфиёти анҷомшударо пайдо ва муаррифӣ кунем.

Дастовардҳои соҳаи тибби тоҷик


Аммо он дастоварди илмӣ, ки дар Тоҷикистон дар соли 2009 бештар аз ҳама доир ба он гуфтанд, шурӯъи трансплантатсия ва ё иваз кардани гурдаҳои бемороне буд, табибони тоҷик бори аввал дар худи кишвар анҷом доданд.

Соҳиб Раҳмонов, муовини вазири беҳдошт ва аз ҷарроҳони маъруфи Тоҷикистон, мегӯяд, агарчӣ мутахассисони кишвар, дар гузашта ҳам қодир ба анҷоми чунин амалиёти ҷарроҳии мушкил буданд, аммо бинобар набуди таҷҳизоти зарурӣ наметавонистанд, дар бемористонҳои кишвар ба ин кор даст бизананд.

Дастоварди дигаре, ки табибони тоҷик дар ин сол доштанд, он ҳам анҷоми ҷарроҳҳғии буғуми зону буд, ки аз ҷарроҳиҳои ниҳоят мушкил ва гарон дар кишварҳои пешрафта аст. Ҷаъфар Сафаров, сартабиби Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедия ва осебшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, дарди буғуми зону, ки модарони зиёде дар Тоҷикистон гирифтори онанд, то кунун ин навъи ҷарроҳӣ анҷом дода намешуд ва танҳо афроди ангуштшумори сарватманд, барои хотима додан ба ин дарди сахт дар хориҷ аз Тоҷикистон ҷарроҳӣ мешуданд.

Чароғҳои каммасраф


Аз арсаи илми тиб бигзарем ва биравем ба масъалаи истифода аз фанновариҳои навин. Барои донистани ин фанноварӣ муҳандис будан зарур нест ва онро ҳамаи шумо ҳам медонед, чун дар Тоҷикистон ҳоло ҳам шуморо ташвиқ мекунанд, ки аз он истифода баред. Бале аз чароғҳои каммасраф, ки баъди соли нав бояд тамоми утоқҳои хонаҳоятонро бо он рӯшан кунед.

Дар моҳи май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, амр дод, то ба хотири коҳиши талафоти нерӯи барқ дар кишвар истифода аз чароғҳои қадимаи волфрамӣ мамнӯъ шавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати Барқи Тоҷик, мефаҳмонад, ки чаро мардум бояд аз чароғҳҳои каммасраф истифода баранд.

“Муштариёни барқ аз ҳисоби аҳолӣ, ки зиёда аз 1 миллион нафар хонаводаро ташкил медиҳанд, агар чароғҳои тафсандаро, ки нерӯи барқро зиёд мегиранд, бо чароғҳои каммасрафи диодӣ иваз кунанд, дар як сол баробари 3 миллиарду 120 миллион киловат соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ин баробар аст, ба иқтидори солонаи як нерӯгоҳи барқи обӣ."

“Агар як оила бо ҳамин як чароғи муқаррарии 100 ваттаи имрӯза, дар як сол 51 сомониву 84 дирам сарф кунад, агар онро бо чароғи диодӣ иваз кунем, харҷи он 20 сомонӣ мешавад, яъне 31 сомониву 84 дирам буҷаи хонавода фоида мебинад, аз истифодаи як чароғ."

Омӯзиши кайҳон аз Тоҷикистон


Дигар рӯйдоди муҳими илмии соли 2009, ки олимони физики Тоҷикистон метавонанд бо ифтихор кунанд, ба кор шурӯъ кардани маркази илмии Чақалтой дар Бадахшон аст, ки солҳои тӯлонӣ абзору дастгоҳҳои таҳқиқотиашро чанг зер карда буд.

Ин пойгоҳи илмӣ, ки дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, дар назди худ вазифаҳои баландпарвозонае гузоштааст. Ҳикмат Мӯъминов, мудири Пажӯҳишгоҳи техникӣ ва физикаи Тоҷикистон гуфт, донишмандони тоҷик дар оянда дар ин пойгоҳ бо ҳамкорони хориҷиашон зарраҳои кайҳониеро меомӯзанд, ки хосияти онҳо то кунун барои олимони ҷаҳон номаълум аст.

Омӯзиши замин дар Тоҷикистон


Аммо таҳқиқоти ба истилоҳ заминӣ ҳам, дар соли 2009 дар Тоҷикистон кам набуд. Ҷаҳонгир Низомов, мудири Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ мегӯяд, дар соли 2009 олимони пажӯҳишгоҳ роҷеъ ба амнияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун таҳқиқотеро анҷом дода ва барои омӯзиш ба ҳукумати Тоҷикистон супурданд.

Дар соли 2009 донишмандони тоҷик ҳамчунин олимони кишварҳои дигари ҷаҳонро даъват карданд, то дар мавриди бехатарии кӯли азими Сарез сӯҳбат намоянд. Кӯли Сарез, ки соли 1911 бар асари заминларзаи мудҳише дар Бадахшон ба вуҷуд омадааст, 17 километри мукааб об дорад ва баландтарин сарбанд дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Солҳост, ки донишмандон кӯли мазкурро таҳқиқ мекунанд ва доир ба хатари рахна шуданаш мегӯянд ва ҳамчунин доир ба устувории он. Қадамшо Маскаев, муовини раёсати Усой ва масъалаҳои Кӯли Сарез дар Вазорати изтирории Тоҷикистон, мегӯяд, як чиз маълум аст, ки дар поёноби Сарез панҷуним миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва рахнаи кӯл ҷони тамоми ин мардумро зери хатар хоҳад гузошт.

Аммо дар ҷаҳон....


Соли 2009 дар Тоҷикистон олимон танҳо обу хоку замину бемориҳоро таҳқиқ накарданд, тарҳҳое барои таҳқиқи хосияти фулуззоти нодир, пажӯҳиши ҷирмҳои хатарноки осмонӣ, шеваҳои парвариши навъҳои серҳосили ғалладонаву пунба ва сабзиҷоту мева анҷом мешавад, ки барои гуфтани онҳо вақти кӯтоҳи маҷаллаи илму фанноварӣ кофӣ нест. Ҳоло бубинем, ки соли 2009 ҷаҳон шоҳиди чӣ дастовардҳои муҳими илмӣ шуд.

Соли 2009 илму фанновариҳо кӯмак карданд, то ҷаҳонро аз роҳҳои комилан дигаре дарк кунем, пажӯҳишгарон зарраҳои хурди атомро ба ҳам зада ва ба боз кардани муаммои модда наздиктар шуданд. Дар Эрону Молдова вақте роҳҳои дастрасӣ ба расонаҳои маъмулиро бастанд, гурӯҳҳои тазоҳургар нидои худро аз тариқи Твиттер ба гӯши ҷаҳониён расониданд. Дигар ин ки бо вуҷуди набуди пули кофӣ барои таҳқиқот, пешрафтҳо дар арсаи тиббӣ кам нашуд ва аз ҷумла ваксинаи ояндадоре ба зидди бемории вируси норасоии масунияти бадан ихтироъ шуд.

Дар талоши калиди асрори коинот


Олимон саъй доранд, то ба лояҳои дарунии атом чашм дӯзанд ва бубинанд, ки воқеъан модда аз чӣ иборат аст? Шояд ин мисли хаёлпардозӣ дар китоб ва ё орзуи ягон олими физик бошад, аммо моҳи декабри соли 2009 олимон барои назар андохтан ба таркиби модда, суръатфизои азимеро ба кор андохтанд. Баъди ҳалли мушкилоти фаннии суръатфизо, ин абзори азими нуҳуфта дар марзи Фаронсаву Швейтсария зарраҳои хурд ва ё протонҳоро бо суръати яку аз даҳ ду триллион волт ба самти ҳам равон кард. Аз ин роҳ олимон мехоҳанд, муаммои зарраҳои хурдтаре атомӣ ва ё ҳатто муаммои пайдоиши коинотро ошкор кунанд.

Ролф Ҳейер, мудири Созмони таҳқиқоти атомии Аврупо, ки тарҳи пажӯҳишии мазкурро амалӣ мекунад, мегӯяд, суръатфизои азими адронӣ, моро ба дарки коиноти аввалия ниҳоят наздик хоҳад кард, ки чӣ гуна ин коинот ба вуҷуд омад.

Инқилобҳои твиттерӣ


Дар ҳоле, ки протонҳо дар зери замин дар суръатфизо ба ҳам мепечиданд, дар рӯи замин ҳам фанновариҳои зиёде машғули кор буданд. Аз ҷумла, Твиттер, ки вебсайти муоширатиест, ки иҷоза медиҳад, аз кору ҳоли дӯсти худ ва аз тазоҳуроти мухолифон дар ҳар куҷо огаҳ шавад.

Таъсири Твиттер дар соли 2009 фавқуллода зиёд буд. Твиттер то охири сол, ҳар моҳе тақрибан 60 миллион корбар дошт ва ҳамроҳ бо дигар вебсайтҳои иҷтимоӣ нақши муҳими сиёсӣ ҳам ифо кард. Аз ҷумла, Твиттер буд, ки ба мухолифон дар Молдова имкон дод, моҳи апрел баъди интихобот ба тазоҳурот бароянд ва моҳи июн ба тазоҳургарон дар Эрон имкон дод, то сипари ҳукуматиро шикаста ва иттилооти дигарро ба берун аз кишвар паҳн кунанд.

Брайан Чен буд, хабарнигори Вайред Ком, вебсайти иттилоъотӣ доир ба фанновариҳо, мегӯяд, Твиттер ҳоло фақат се сол дорад, аммо ҷаҳон шоҳиди он шуд, ки чӣ гуна он ба як масири азим мубаддал шуд. Ӯ мегӯяд, идеяи ба истилоҳ демократияи рақамӣ ҳамин аст, ки ҳар касе, ки ба интернет ва Твиттер дастрасӣ дорад, қодир ба паҳн кардани иттилоъотест, ки намегузоранд гуфта шавад.

Соли 2009 аз тариқи Твиттер миллионҳо паём ба телефонҳо фиристода ва ҳамин гуна холигии мавҷуд дар миёни телефонҳову компютерҳо пур шуд.

Инқилобҳои Себӣ


Соли 2009 ҳамчунин тавлиди нармафзорҳои махсус барои телефонҳои ҳамроҳ авҷ гирифт, ки бо назардошти завқи худи корбарон офарида шудааст.

Масалан, ширкати Эпл барои Айфон нармафзоре офарид, ки агар он телефонатонро ба сӯи осмон нигаронед, ба шумо хоҳад гуфт, ки ба кадом бурҷи коинот назар нигоҳ мекунед. Ва агар шумо мусиқиеро гӯш мекунед, вале намедонед, аз он кист, нармафзори Шазам ба шумо онро хоҳад гуфт. Соли 2009 насби нармафзорҳои тавлиди ширкати Эпл аз як миллиард ҳам гузашт, ки теъдоди нармафзорҳои пешниҳодии он аз 100 ҳазор ҳам бештар аст.

Аммо баъзан завқмандони телефонҳои ҳамроҳ ҳам аз ин ашё безор мешаванд. Ба онҳое, ки чунин иттифоқ афтодааст, соли 2009 абзори наверо пешниҳод карданд, ки бо истифода аз он метавонад, ҳазорон китобро бихонад. Кайндл абзори хурди дастиест, ки дар 100 кишвар ба фурӯш гузошта шудааст ва намунаҳои 1500 китобро дар худ ҷой додааст, ки бо пардохти маблағе онро метавонед, дар зарфи 60 сония дар он абзор насб намуда ва ҳар вақти дилхоҳ бихонед.

Стайроформ. Калимаи ношинос? Дуруст, калимаи тозаихтироъ


Аммо танҳо фанновариҳо набуданд, ки соли 2009 бо теъдоди зиёд аз озмоишгоҳҳо берун омаданд. Хокаи стайроформ, ки дар ҳамин сол тавлид шуд, хокаест, ки обҳои корхонаҳои саноатиро аз симоби заҳрогин пок мекунад.

Дигар ин ки соли 2009 ниқоби беҳдоштиеро офариданд, ки дар зарфи камтар аз як дақиқа тақрибан 100 фисади вирусҳои бемории зукомро нобуд мекунад. Абзори дигари тиббӣ стетоскопе, ки дар Амрико тавлид карданд, ба табиб на танҳо иҷоза медиҳад, то зарбаҳои қалби беморро бишнавад, балки иттилооти лозимро доир ба кори дил сабт карда ва мустақиман ба комютер интиқол медиҳад.

Шояд бузургтарин дастоварди тиббии соли 2009 тавлиди ваксинаи озмоиши ба зидди бемории норасоии масунияти бадан бошад, ки хатари гирифторӣ ба ин бемориро 31 дарсад коҳиш додааст. Натиҷаҳои озмоиши ваксинаи мазкурро баъди истифода дар 16 ҳазор нафар довталабони таиландӣ эълом карданд. Ҳарчанд баъзеҳо ба ин натиҷаҳо бовар надоранд, аммо бархи дигар онро дастоварди чашмгир дар роҳи мубориза бо бемории СПИД хондаанд.

Қадаме дигар ба сӯи кайҳон


Соли 2009 соли ситорашиносӣ ҳам буд, ки аз тарафи Созмони Милал эълом шуд.

Дар ин сол як абзоре таҳқиқотие ба кайҳон партоб шуд, ки нурҳои кайҳониро меомӯзад, ки изи онҳо миллионҳо сол баъди таркиши бузург боқӣ мондаанд. Барои чунин кор абзори мазкур то 273 дараҷа сард карда шудааст, ки ин корро телефони ҳамроҳи шумо карда наметавонад.
XS
SM
MD
LG