Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Покистон барои пайвастан бо Тоҷикистон


Вазири федеролии Покистон дар умури коммуникатсияҳо эълом кардааст, ки бунёди нақби Лаварӣ аз тариқи Чатрол ин кишварро бо Тоҷикистон пайваст хоҳад кард. Бунёди нақби Лаварӣ бахше аз роҳи байнулмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон аз тариқи Афғонистон хоҳад буд.

Ин шоҳроҳ дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақаӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия ва Афғонистону Покистон ва бо сармоягузории Бонки осиёии рушд сохта хоҳад шуд.

Тоҷикистон бунёди нақби Лавариро нахустин талоши Покистон барои мавриди иҷро қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони роҳи байнулмилалӣ миёни ду кишвар аз тариқи Афғонистон арзёбӣ кард. Зеро, ба гуфтаи Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, музокирот бар сари ин лоиҳа аз ду соли пеш ба ибтикори Бонки осиёии рушд ва дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақаӣ шурӯъ шудааст. Бобоев иҷрои бунёди ин роҳро дар заминаи раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳим донист ва гуфт, «ин роҳ ба унвони роҳи тронзитӣ барои Тоҷикистон хизмат хоҳад кард. Ҳамаи борҳое, ки аз тарафи Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ба ин коридорҳои байналхалқӣ меоянд, тавассути Тоҷикистон гузашта ба Покистон мераванд, ки потенсиали тронзитии кишвари моро баланд мекунад ва даромадҳои муайяне низ ба даст меояд. Ҳамчунин, аз Покистон, ба хусус корхонаҷоти шимоли ин кишвар колоҳо ба таври арзон ва зудтар дастраси Тоҷикистон хоҳанд шуд».

Ҳамакнун, ба гуфтаи Олимҷон Бобоев, Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ мувофиқат кардааст, вале музокирот миёни Покистон ва Афғонистон дар ин замина ҳамчунон идома дорад. Зеро, ба гуфтаи вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, бахши аъзами ин роҳ аз тариқи Афғонистон мегузарад. Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, низ мавриди иҷро қарор гирифтани ин тарҳро рад накард, вале гуфт, танҳо дар сурати таъмини суботу амният лдар Афғонистон ба ин мавзӯъ авлавият дода хоҳад шуд, «воқеан мувофиқатномаҳое бо Тоҷикистон ва Покистон дар ин замина ва дар ҷиҳати интиқоли неруи барқ вуҷуд дорад. Вале ҳоло мавзӯъи ҷанг дар Афғонистон аст, мубориза бо терроризм матраҳ аст, ки фикр мекунам иҷрои ин пружаҳо танҳо дар сурати таъмини суботу амният қобили иҷро хоҳанд буд».

Ин дар ҳолест, ки аз назари Давлати Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон маҳз нооромиҳо дар Афғонистон, Покистонро водор кардааст, то ба ин иқдом даст бизанад, «Покистон ҳарчанд кушиш кард, барои ором кардани Афғонистон ба манфиати худаш, аммо муваффақ нашуд. Ҳамакнун раҳбарони Покистон ба ин хулоса расидаанд, ки шояд Афғонистон то даҳсолаҳо ором нашавад ва онҳо ҳам шояд то он замон сабр накунанд. Ба ин далел ин яке аз пружаҳои алтернативие аст, ки Покистонро бо Осиёи Марказӣ аз роҳи нисбатан амн мепайвандад».

Аммо ба таъкиди Давлати Усмон, минтақае, ки бояд ин шоҳроҳ аз тариқи Афғонистон бунёд шавад дар муқоиса ба дигар манотиқи ин кишвар амнтар аст ва дар баробари роҳи заминӣ, метавон барои сохтмони роҳи қатор миёни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон аз истифода кард. Аммо ҷаноби Усмон мушкили аслии ин минтақаро дар кӯҳистонӣ ва душворгузар будани он медонад ва мегӯяд, бо бунёди нақбҳо имкони ҳар чӣ зудтар расидан ба иҷрои ин пружа вуҷуд хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи мақомоти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ҳанӯз варианти ниҳоии ин тарҳ таҳия нашудааст, вале имкон дорад дарозии роҳ беш аз 250 км–ро аз марзи Тоҷикистон то Покистон ташкил бидиҳад. Бо он ки Бонки осиёии рушд аз сармоягузорони аслии ин лоиҳа дониста шудааст, аммо то ҳол ҳазинаи бунёди ин роҳ маълум нест. Аммо нақби Лаварӣ аз тариқи Чатрол, ки 82 км дарозӣ дорад, ба эҳтимоли зиёд бо маблағгузории худи Покистон сохта хоҳад шуд. Чун Арбоб Оламгирхон, вазири федероли Покистон дар умури коммуникатсияҳо зимни дидор аз маҳалли сохтмони нақб ин тарҳро омили беҳбуди вазъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии мардуми Читрол ва кулан Покистон номидааст.

Зимнан, иртибототи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон аз тариқи Афғонистон дар гузаргоҳҳои марзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон сурат мегирад. Мақоомти Тоҷикистон мегӯянд, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Пули Дустӣ дар рӯи дарёи Панҷ, дар ду соле пеш ҳамкориҳои Тоҷикистон на танҳо бо Афғонистон, балки бо Покистон ва Эрон низ густариш пайдо кардаст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон дар соли гузашта ҳамагӣ 1 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил додаст, ки даҳҳо маротиба камтар аз ҳаҷми доду гирифти Тоҷикистон бо Афғонистон будааст.
XS
SM
MD
LG