Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи дубораи "сайёд"-и "Наҳанги ҷумҳурӣ"


«Сухан», нашрияи Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон баъд аз таваққуфи 17 - сола чопи худро аз сар гирифт.

Пӯлод Нуров, сардабири ҷадиди «Сухан», ба Радиои Озодӣ гуфт, нашрия ҳоло моҳе як маротиба ба теъдоди ҳазор нусха ба чоп мерасад. Вай афзуд, далели умдаи рӯйи кор омадани «Сухан» мушкилоти мавҷуд дар рӯзноманигорӣ ва ихтилофҳо миёни аҳли матбуоти Тоҷикистон аст:
«То ин маврид рӯзномаҳои кишвар баҳсҳои дохилии худро тариқи худ матраҳ мекарданд ва ин барои хонандаҳо донистани ин низоъҳо зарур набуд. «Сухан» - минбари хоси рӯзноманигорон аст, ки бо ҳамдигар баҳсу мунозираҳои касбӣ мекунанд. Ба ҷуз ин ҳадафи мо даст ёфтан ба ҳамраъйии рӯзноманигорон аст»

Оқои Нуров афзуд, дар шумораи нахустини «Сухан» матолиб дар бораи мушкилоти рӯзноманигории касбӣ, сӯҳбате рӯи Шӯрои
"Сухан" бо сарварии Отахон Латифӣ, муовини сарвазири вақти кишвар рӯи чоп омада буд.
навтаъсиси расонаҳои Тоҷикистон, эълони озмунҳо ва ғайра нашр шудаанд.

Аввалин шумораи «Сухан» моҳи март, дуруст баъд аз вуқӯъи ҳаводиси хунини феврали соли 1990, таҳти сарпарастии Иттиҳоди рӯзноманигорон, ки сарвариашро Отахон Латифӣ, ҳамзамон муовини сарвазири Тоҷикистон бар ӯҳда дошт, ба табъ расид. Коршиносон «Сухан» - ро аввалин нашрияи озодандеши Тоҷикистон ном мебаранд, ки қолабҳои матбуоти Шӯравиро шикаста, ба минбари нерӯҳои зиддикоммунистӣ ва ақидаҳои демократӣ табдил ёфта буд.

Насибҷон Амонӣ, ҳоло хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қазоқистон, аввалин сардабири «Сухан» мегӯяд, ба ҷуз мавзӯъҳои сирф касбӣ, дар саҳифаҳои рӯзнома матолибе ба нашр мерасиданд, ки сензураи вақт иҷоза намедод:
«Матбуоти он замон таҳти инҳисори Ҳизби коммунист буд, фармудаҳои онро иҷро мекард. Аз ин хотир, ба мардум манбаъи алтернавии иттилоъ зарур буд. Масъалаҳоеро, ки намешуд дар расонаҳои ҳукуматӣ ба миён гузошт, бояд як расонаи дигар инъикос мекард. Ин тақозои замон буд. «Сухан» ҳам аз дардҳои мардум мегуфт, аз ҳуқуқи инсон, озодиҳои демократӣ ва таҳаввулоти нав дар ҷаҳон, ки сензураи шӯравӣ онҳоро манъ карда буд»

Насибҷон Амонӣ, аввалин сардабири "Сухан"
Оқои Амонӣ мегӯяд, «Сухан» аввалин минбари нерӯҳои дигарандеши ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки тариқи он хеле аз чеҳраҳои маъруфи сиёсати кишвар изҳори ақида карданд, аз қабили Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Шодмон Юсуф, Мирбобо Мирраҳим, Давлат Усмон, шодравонҳо Сафаралӣ Кенҷаев, Аслиддин Соҳибназаров ва Тоҳири Абдуҷаббор. Оқои Амонӣ меафзояд, як идда аз рӯзноманигорони маъруф, аз қабили Додоҷон Атоуллоев, Салими Аюбзод, Имомназари Холназар, Иброҳим Усмонов, Искандар Алиев, Камоли Қурбониён ва дигарон низ тариқи «Сухан» матолиби худро ба нашр мерасонданд.

Коршиносон мегӯянд, яке аз матолибе, ки он замон «Сухан» - ро ба меҳвари баррасиҳои доираҳои сиёсӣ ва мардум табдил дод, «Наҳанги ҷумҳурӣ» унвон дошт, ки ба фаъолиятҳои Абдумалик Абдуллоҷонов, вазири ғаллаи ҳукумати вақт, рабт дошт. Мавсуф дар ин матлаб дар фасодкорӣ муттаҳам мешуд.

Насибҷон Амонӣ мегӯяд, фишор аз боло сари «Сухан» зиёд буд, аммо на ба он дараҷае, ки кор то бастани рӯзнома омада расад:
«Як бор маро аз кор ронда буданд бо фишори Кошлаков, он замон яке аз афроди соҳибнуфузи ҳукумат. Аммо устод Латифӣ рӯйи чӣ навиштану нанавиштан сари мо фишор намеоварданд. Баръакс, бисёр зарбаҳое, ки аз боло мерасид, худ қабул мекарданд»


Аммо оё «Сухан»-е, ки имрӯз эҳё шудааст, нуфузи қаблии худро барқарор карда метавонад? Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори
Яке аз матолибе, ки он замон «Сухан» - ро ба меҳвари баррасиҳои доираҳои сиёсӣ ва мардум табдил дод, «Наҳанги ҷумҳурӣ» унвон дошт, ки ба фаъолиятҳои Абдумалик Абдуллоҷонов, вазири ғаллаи ҳукумати вақт, рабт дошт.
собиқадори тоҷик мегӯяд, рӯзноманигорон пешгоми равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон буданд ва «Сухан» аввалин минбаре буд, ки онҳо барои мардум фароҳам сохтанд. Вай афзуд, он замон майдон холӣ буд ва низ наҳзати озодандешӣ дар Тоҷикистон нав оғоз мешуд:
«Аммо имрӯз, ки «Сухан» ҳамчун нашрияи Иттиҳоди рӯзноманигорон аз нав эҳё шуд, шояд наметавонад шиддату шӯҳрати пешинаашро барқарор кунад. Зеро нашрияҳои мустақил зиёд ҳастанд ва барои гуфтани ҳарфи тезутунд майдон фарох аст. Барои «Сухан» бо мӯҳтавои пешинаш ҷойгоҳ пайдо кардан мушкил аст. Аммо рӯйи мушкилоти рӯзноманигории тоҷик ҳарфҳои ногуфта зиёд ҳастанд ва барои «Сухан»-и эҳёшуда ин майдони хизмат ба рӯзноманигории як миллат басанда аст»

Охирин шумораи «Сухан» моҳи июни соли 1992 ба нашр расида буд. Насибҷон Амонӣ, сардибири собиқи он, мегӯяд, замони силоҳ заминаи суханро танг кард ва ҳоло хуш аст, ки «Сухан» дигарбора ҳамчун рамзи пирӯзӣ бар силоҳ нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG