Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мошини Мӯсавӣ дар роҳи бозгашт аз Қум


“Калима”, сомонаи интернетии ислоҳталабони эронӣ мегӯяд, мошини ҳомили раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавӣ дирӯз дар роҳи бозгашт аз маросими дафни оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ ҳадафи ҳамлаи афроди мотосиклсавори либоси ғайринизомӣ дар тан қарор гирифтааст. Бино бар ин хабар, ҳамлагарон чанд дафъа мошини Мӯсавиро манъ карда, шишаи қафои мошинро шикаста ва худи раҳбари мухолифинро дашном додаанд. Яке аз ҳамроҳони Мӯсавӣ ва як тан аз ҳамлагарон захмӣ низ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз ҷанозаи оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри муқаддаси Қум, 125-километрии ҷануби Теҳрон, дар ҳузури даҳҳҳо ҳазор нафар аз тарафдоронаш, бо шумули раҳбарони аршади мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ба хок супурда шуд. Мунтазирӣ аз мунтақидони сарсахти раҳбарони кунунии Эрон буд ва шоҳидон мегӯянд, издиҳоми азодорон дар маросими дафни ӯ шиорҳои зидди давлат мезад.
XS
SM
MD
LG