Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев имрӯз ба Туркманистон меравад


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз ба манзури баррасии мавзӯъи азсаргирии содироти гази Туркманистон ба он кишвар сафар мекунад. Интиқоли гази Туркманистон моҳи апрел дар пайи таркиш дар лӯлаи газе, ки Туркманистонро бо Русия мепайваст, қатъ шуд. Туркманистон дар ин инфиҷор Русияро муттаҳам карда гуфт, ширкати “Газпром” ба иллати пойин рафтани нархи газ дар бозори Аврупо бо чунин шева интиқоли гази Туркманистонро қатъ кард.
Хабаргузории Франс Пресс аз қавли як мақоми туркман навишт, ки Медведев ва ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов шояд бо имзои як қарордоди нав интиқоли газро аз сар бигиранд. Сафари Медведев дар ҳолест, ки дар моҳи равон лӯлаи нави газ, ки аз Туркманистон то ба Чин кашида шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG