Назархоҳиҳои ахир нишон медиҳад, ки то ҳол аксари русҳо бар режими Сталин эҳтиром қоиланд. Як назархоҳӣ, ки маркази назарсанҷии саросарии Русия анҷом додааст, нишон медиҳад, ки 54 дарсади русҳо то ҳол аз режими Сталин ҷонибдорӣ мекунанд ва баръакс танҳо 8 дарсад онро намеписанданд. Соли гузашта дар як назарсанҷии телевизионӣ Сталин баъд аз Александр Невский, сарлашкари қарни 13-ум, ва Пётр Столипин, реформатори аввалҳои қарни 20-уми рус, мақоми севвумро дарёфт кард.
Дар арсаи сиёсии Русия номи Сталин баъд аз омадани Владимир Путин бар сари қудрат дар даҳаи гузашта дубора сари забонҳо омад. Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф аз чунин равиш ин аст, ки дар миёни ҷавонон хушбинӣ ба раҳбарони қаввиро ташвиқ кунанд. Ирина Шербакова ,аз гурӯҳи ҳуқуқи башари "Мемориал", мегӯяд, бояд хотираи қурбониёни режими Сталин гиромӣ дошта шавад ва набояд зодрӯзи вай мавзӯъи ҷашн бошад.
Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, бо интиқоди ошкор аз Сталин дар тирамоҳи соли ҷорӣ ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт. Вай зимни интиқод аз таъқиботи сиёсӣ фишорҳои Сталинро "бузургтарин фоҷеа дар таърихи Русия" арзёбӣ кард. Вай гуфт, ҳеҷ пешрафт ё муваффақияте ба баҳои ҷони одамӣ ба даст наомадааст.