Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тал Афари Ироқ 4 нафар кушта шуданд


Мақомоти расмии шаҳри Тал Афари Ироқ мегӯянд, ки як бамгузори интиҳорӣ дастикам 4 нафарро дар ин шаҳр куштааст. Дар гузоришҳо аз қавли пулис омадааст, ки Ҳусейн Муҳаммад ал Крис-раиси шаҳрдорӣ низ дар миёни кушташудагон будааст. 3 нафари дигар посбонони вай будаанд. Бино ба гузоришҳо, худи бамгузори интиҳорӣ низ ба қатл расидааст. Тал Афар дар 60 километрии шаҳри шимолии Мосул ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG