Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Мунтазириро имрӯз ба хок месупоранд


Интизор меравад, имрӯз дар маросими дафни оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ, аз мунтақидони аршади раҳбарони кунунии Эрон, ҳазорон нафар ширкат биварзанд. Раҳбарони мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ аз тарафдорони худ даъват карданд дар ин маросим дар шаҳри муқаддаси Қум ширкат кунанд. Нирӯҳои пулис аз рӯзи якшанбе Қумро таҳти ҳифозати шадид гирифтаанд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз тарроҳони инқилоби исломии соли 1979 буд, ки ҳукумати шоҳ Паҳлавиро суқут дода, оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайниро ба сари қудрат овард. Вале ӯ баъдан бо раҳбарони инқилоб вориди баҳс шуд ва ба сафи мухолифин пайваст. Тайи 21 соли охир оятуллоҳ Мунтазирӣ дар Қум таҳти ҳабси хонагӣ ба сар мебурд. Ӯ дар синни 87 аз олам гузашт.
XS
SM
MD
LG