Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ ба Миср сафар кард


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дирӯз вориди Миср шуд. Моликӣ охирин бор дар соли 2007 ва он ҳам ба хотири ширкат дар як анҷумани байналмилалии махсуси сарнавишти кишвари ҷангзадааш аз Миср дидан карда буд.
Моликӣ изҳори умед кардааст, ки ин сафари ӯ марҳалаи наверо дар равобити Ироқу Миср боз хоҳад кард. Баъд аз ҷанги таҳти раҳбарии Амрико, ки бо суқути давлати Саддом Ҳусейн анҷомид, давлати нави Ироқ талош дорад равобиташ бо кишварҳои арабиро барқарор кунад. Бисёре аз ин кишварҳо алакай ба Бағдод сафир фиристодаанд. Аз ҷумла Миср, ки фиристодаи наваш дар Ироқро дар моҳи июн таъйин кард.
XS
SM
MD
LG