Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои байнулмилалии филми тоҷикӣ


Филми бадеии «Қиёми рӯз» (коргардон Носир Саидов, муаллифи сенария Сафари Ҳақдод) ду ҷоизаи ҷашнвораи байнулмилaлии Кароло дар Ҳиндустонро соҳиб гардид.

Дар иёлати Каролои Ҳиндустон 14-умин ҷашнвораи байнулмилалии синамо ба анҷом расид ва дар рӯзи охирини он ҷоизаҳо ба соҳибонаш супурда шуданд. Дар озмун филмҳо аз Аргентина, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Индонезия, Кореяи ҷанубӣ, Амрико, Қазоқистон, Эрон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро филми «Қиёми рӯз» (True Moon) намояндагӣ кард ва соҳиби ду ҷоиза гардид.

Ҳайати байнулмилалии доварон ба Носир Саидов барои «Қиёми Рӯз» ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардон» ва ба худи филм ҷоизаи «Писандидаи мухлисон»-ро сазовор донистанд. Бино бар иттилоъи сомонаи расмии ҷашнвора, Носир Саидов барои ҷоизаи аввал 6.000 доллар ва барои ҷоиази дуввум 2.000 доллар хоҳад гирифт.

Ҷашнвораи байнулмилалии Кароло яке аз маъруфтарин ҷашнвораҳои филм дар Осиё ба ҳисоб меравад. Ҷоизаи асосии ҷашнвора дар имсол ба филмҳои эронии «Дар бораи Эллӣ» ва индонезии «Моҳигир» супурда шуд.

«Қиёми рӯз» ахиран дар ҷашнвораи байнулмилалии Пусани Корея низ иштирок карда буд. Дар соли оянда дар назар аст, филм ба ҷашнвораҳои Роттердам ва Милан биравад.

Ин филмро нахустин филме дар Тоҷикистон меноманд, ки мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалии синамоӣ ба навор гирифта шудааст. Маблағгузори филм ширкати «Талко менеҷмент» номида мешавад. Нахустнамоиши он дар охири тобистони соли ҷорӣ дар Кохи Ҷомӣ баргузор гардида буд. Нақши асосии мардро ҳунарманди рус Юрий Назаров ва нақши асосии занро дар филм Насиба Шарифова бозидаанд. Барои Насиба (Нилуфар дар филм) ин нахустин пайдоишаш дар синамо мебошад. Нақшҳои дигарро Насриддин Нуриддинов ва Шодӣ Солеҳ бозидаанд. Оҳангсози филм Далер Назаров ва продюссери он Рустами Ҷонӣ мебошанд.

Филм дар бораи ду деҳаест, ки миёнашон танҳо як ҷӯй ҷорист ва аксари мардуми ҳар ду деҳ ҳамдигарро мешиносанд. Нилуфар ба Азиз номзад шудааст. Баногоҳ, миёни деҳаҳо марз мегузоранд ва ҳаёт дар ин макон дигаргуна мешавад. Модари Нилуфар дар рӯзи охирини ҳомиладорияш маҷбур мешавад ба бемористони деҳаи дигар биравад ва Нилуфар барои бо Азиз будан ҳамакнун бояд марзро бишканад.
XS
SM
MD
LG