Пайвандҳои дастрасӣ

"Юсуфи канъонӣ" кай ояд ба Тоҷикистон?


Ин ҳафта пурфурӯштарин филми чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон, «Юсуф-паёмбар» ба анҷом мерасад. Чиҳилу панҷумин серияи «Юсуф-паёмбар» ба мисли 44 серияи дигари қаблӣ шаби ҷумъаи якуми май аз тариқи як шабакаи эронӣ пахш мешавад ва субҳи рӯзи шанбе дар кӯчаву хиёбон ва наворфурӯшиҳои Тоҷикистон бозораш гарм мешавад.

Ин филм беш аз ҳар филми дигари эронӣ то кунун дар Тоҷикистон маҳбубият ёфта ва боиси истиқболи густардаи мардумӣ шудааст. Ба ин далел аст, ки ҳайате аз ҳунармандони ин филм дар раъси таҳиягари он Фараҷулло Силаҳшӯр бо ибтикори хабаргузории «Форс» имрӯзҳо саргарми боздид аз Тоҷикистон ва мулоқот бо бинандагон ва доираҳои ҳунарии тоҷик мебошанд. Ин филм ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллии «СМТ» ва «Баҳористон» манзури бинандагон шудааст.

Видеои мазкур аз нигоҳи бинандагони тоҷики ин филм хоҳад қисса кард, ки чаро ин андоза дар Тоҷикистон маҳбуб гаштааст?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG