Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Копенгаген бо миёнҷигарии Обама


Ҳамоиши Копенгаген созишномаи ҳосилшуда бо миёнҷигарии Амрико дар мавриди тағйири иқлимро бо вуҷуди мухолифати чанде аз кишварҳои ҷаҳон ба инобат гирифт.

Дар қарори ниҳоии ҳамоиши Копенгаген омадааст, “тарафҳои ҳамоиш тавофуқномаи Копенгагенро” мепазиранд. Аммо ҳоло маълум нест, ки чанд нафар аз миёни 193 кишвари ҳозир дар музокирот созишномаи мазкурро тасвиб хоҳанд кард. Баъзе аз кишварҳо мухолифи ин созишномаанд, ки бо миёнҷигарии Амрико ҳосил шуд. Дар қарори ҳамоиш зикр хоҳад шуд, ки кадом кишвар тарафдор ва кадомӣ мухолифи аҳдномаи байналмилалӣ аст.

Дар аҳднома хоста мешавад, то газҳои гӯлхонаӣ ба ҳадде коҳиш дода шавад, ки қабл аз рушди саноат дар ҷаҳон буд, то ҳарорат дар сайёра аз ду дараҷа болотар наравад. Аммо дар ин аҳднома, кишварҳои сарватманд нишондиҳандаҳои беҳтареро барои коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ворид накардаанд ва ягон кишвар ҳам вазифадор нашудааст, то ба ҳадди мушаххасе партоби ин газҳои олудакунанда ва зиёновар барои муҳити зистро коҳиш диҳад.

Аҳдномаи мазкур дар ҳоле пазируфта мешавад, ки тамоми 193 кишвари ҳозир дар ҳамоиш онро тарафдорӣ кунанд. Як узви созмони ғайриҳукуматии “Иттиҳоди олимони нигарон” Алден Мейер гуфтааст, аҳднома новобаста аз ризоияти тарафҳо, қудрати ҳуқуқии кофиеро хоҳад дошт, ки барои ҳукми иҷро гирифтани он басанда аст. Рӯзе пештар аз ин, Амрикову Чин, Ҳиндустону Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ аҳдномае дар мавриди тағйири иқлимро ҳосил карданд, ки иҷрои он ҳатмӣ нест. Чанд кишвар, аз ҷумла, Боливия, Венесуэла, Судон тарҳи мазкурро башиддат танқид карда, гуфтанд, ки он бисёр заиф буда, аз тарафи кишварҳои бузург ноодилона таҳия шудааст. Лумумба Станислаус Ди Аринг, сафири Судон дар Созмони Милал, тавофуқи мазкурро, “бадтарин рӯйдод дар музокирот дар мавриди тағйири иқлим дар таърих” номид.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, гуфт, “пешрафти беназир ва пурмаъние” ба даст омадааст. Аҳдномаи мазкур аз кишварҳои сарватманд мехоҳад, то соли 2012 ба кишварҳои дар ҳоли 30 миллиард доллар кӯмак кунанд, то онҳо тавонанд, аз ӯҳдаи муқобила бо гармоиши курраи Замин бароянд. Барак Обама паймони мазкурро чашмгир номид, вале эътироф кард, ки барои ниҳоӣ шудани он бояд кори зиёдтаре анҷом дода шавад.

Аҳдномаи Копенгагенро баъзе аз фаъолони муҳитизистӣ низ танқид карданд. Эрих Пика, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Дӯстони Замин”, аҳдномаро заиф хонда гуфт, он паймони заиф курраи Заминро муҳофизат нахоҳад кард ва нокомии музокиротро нишон медиҳад. Вай афзуд, паймони мазкур фақат барои ҳукумати Барак Обама як дастакест, ки баъди бозгашт ба ватан бигӯянд, мо ба чизе ноил шудем.

Иттиҳоди Аврупо паймони мазкурро тарафдорӣ кард, агарчӣ Хосе Мануэл Барроссо, раиси Комиссияи Аврупо, гуфт, афсӯс мехӯрад, ки иҷрои аҳднома барои кишварҳои ҷаҳон ҳатмӣ нест. Қарор аст, музокироти бештар дар мавриди тағйири иқлим соли оянда сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG