Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҳукумати Афғонистон муаррифӣ шуд


Ҳукумати Ҳомид Карзай феҳрасти ҳайати навашро расман барои тасвиб ба порлумони Афғонистон ироа кардааст.

Ҳомид Карзай барои маҳви фасодкорӣ дар ҳукуматаш таҳти фишори Ғарб қарор гирифтаст.

Ҳомид Карзай дар ин феҳрист, бисёре аз вазирони пешинаашро дар ҳукумат нигоҳ доштааст, ки онҳоро кишварҳои ғарбӣ ҳам тарафдорӣ мекунанд. Аз ҷумла, Абдул Раҳим Вардак – вазири дифоъ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар – вазири корҳои дохила ва Ҳозорат Умар Захивал – вазири молияро.

Вазирони маъданҳо ва ҳаҷ, ки ҳар ду ба азхуд кардани ёриҳои бузурги молӣ муттаҳам мешаванд, дар ин феҳрист нестанд. Рангин Додфар Спанто, вазири корҳои хориҷаи Афғонистон, ҳам аз ин мақомаш маҳрум шудааст ва номзадеро ҳам ба ҷойи ӯ пешниҳод накардаанд.

Ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ Ҳомид Карзайро, ки дар интихоботи олуда ба тақаллуби рӯзи 20-уми август ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд, таҳти фишори афзояндае қарор додаанд, то ҳукуматашро аз фасодкорӣ пок кунад. Тамоми 23 номзад дар ҳайати ҳукумат танҳо баъд ба тасвиби порлумони Афғонистон метавонанд ба кор шурӯъ кунанд.

XS
SM
MD
LG