Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Медведев дар Копенгаген мулоқот мекунанд


Як мақоми аршади давлати Амрико мегӯяд, интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Копенгаген бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия мулоқот анҷом диҳад. Онҳо дар ин мулоқот пешрафти музокироти ҷонибҳо дар бораи аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи ҳастаии Амрико ва Русияро баррасӣ мекунанд. Бино ба гузоришҳо , эҳтимол намеравад, ки ин ду раиси ҷумҳур дар мулоқоти имрӯзи худ тамоми маводи ин аҳдномаро ниҳоӣ кунанд. Мӯҳлати эътибори аҳдномаи пешини миёни ин ду кишвар, ки соли 1991 имзо шуда буд, 5-ӯми декабри соли ҷорӣ ба поён расид ва аҳдномаи нав ҷойгузини он хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG