Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания нерӯҳояшро дар Афғонистон афзоиш медиҳад


Испания мегӯяд, ба Афғонистон 511 сарбози дигар мефиристад ва ба ин тариқ шумораи умумии нерӯҳояш дар Афғонистон ба бештар аз 1 500 нафар мерасад. Карме Чакон-вазири дифои Испания ба порламони кишвараш гуфтааст, нируҳои тозанафас сарбозони афғонро машқ медиҳанд ва дар вилояти Бодғис амниятро таъмин мекунанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки 30 000 нируи изофӣ ба Афғонистон мефиристад. Вай аз кишварҳои узви паймони НАТО даъват кард, ки онҳо низ барои мубориза бар зидди шӯришиён шумораи нируҳояшонро дар Афғонистон афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG