Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони бародари Аҳмадшоҳ Масъуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, маргталабе, ки 8 нафарро дар маркази Кобул кушта бар ҷой гузошт, ба эҳтимоли қавӣ Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъудро ҳадаф гирифта буд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай зимни ифтитоҳи конфронси зидди фасод гуфт, дар баробари қурбониёни дигар дар ин ҳодиса ҳадди ақал ду муҳофизи Зиё Масъуд низ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи хабарнигори радиои Афғонистони Озод, ҳангоми инфиҷор Масъуд дар маҳалли зисташ дар минтақаи Вазир Акбар Хон буд, минтақае, ки аксар мақомоти давлатӣ, дипломатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар он маскан гирифтаанд.

Ҳамкорони мо дар Кобул Зиё Масъудро дидаанд, ки лаҳзае баъд аз таркиш бо нафароне, ки аз он ҳуҷум ҷон ба саломат бурдаанд, гуфтугӯ дошт. Аммо ӯ аз сӯҳбат бо хабарнигорони мо ва шарҳи ҳодиса худдорӣ кардааст. Шоҳидон мегӯянд, мошинҳои зиёдеро дидаанд, ки дар назди манзили собиқ ноиби раисҷумҳур дар коми оташ буданд.

Таркиш ҳамчунин шишаи мошинҳо ва панҷараи биноҳои атроф, аз ҷумла, меҳмонхонаи мустаҳками Ниталро хароб кардааст. Бар асари таркиш, як бинои сеошёнаи бетонӣ бо бомаш фурӯ рехт. Ба дунболи ин ҳуҷуми маргталабона, як сухангӯи Толибон дар сӯҳбат бо телевизиони хусусии Тулӯъ гуфт, ин ҳуҷумро Толибон анҷом додааст. Вале Забеҳулло Муҳоҷид, яке аз сухангӯёни собити Толибон бо радиои Афғонистони Озод дар тамос шуд ва даст доштани Толибонро дар ин ҳодиса рад кард.

Зиё Масъуд аз соли 2004, аз замони интихоби Ҳомид Карзай ба мақоми раисҷумҳур то моҳи ноябри соли равон ноиби аввали ӯ буд. Соли 2004 дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ростои сабқати ҷиддӣ бо фармондеҳи дигари панҷшерӣ, вазири вақти дифоъи Афғонистони генерал Фаҳим, Карзай Зиё Масъудро ноиб интихоб кард. Он замон Зиё Масъуд, ки дар Файзобод ба ҷонибдорӣ аз Карзай тарғибот мебурд, аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.

Дар интихоботи соли 2009 Карзай ба истилоҳ қартаҳоро иваз кард ва ба хотири пуштибонии Фаҳим аз Масъуд даст кашид. Бо вуҷуд, Зиё Масъуд ҳанӯзам аз чеҳраҳои бонуфузи саҳнаи сиёсӣ номбар мешавад ва ба хотири бародари қаҳрамонаш, ки бо номи Шери Панҷшер машҳур буд, аз эҳтиром ва пуштибонии тоҷикони дараи Панҷшер бархӯрдор аст.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар фосилаи ду рӯз қабл аз ҳаводиси 11-уми сентябри соли 2001 дар минтақаи Тахори шимоли Афғонистон аз тарафи гумоштагони ал-Қоида кушта шуд. Баъдтар, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, Масъудро қаҳрамони миллӣ ва 9-уми сентябрро рӯзи Масъуд эълон кард.
XS
SM
MD
LG