Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва Амрико интихоботи Абхозистонро қабул надоранд


Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мегӯянд, ки онҳо интихоботи раёсати ҷумҳурии Абхозистон- ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф намекунанд. Шветсия, ки ҳоло раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, дар эъломияе аз номи 27 кишвари узви ин иттиҳодия дар Бруссел гуфт, ки тибқи қонунҳои байналмиллалӣ аз тамомияти арзии Гурҷистон ҳимоят мекунад. Баъдтар вазорати умури хориҷаи Амрико низ бар ҳамин нукта ишора кард. Дар интихоботи рӯзи шанбеи раёсати ҷумҳурии Абхозистон Сергей Багапш-раҳбари ҷудоихоҳ пирӯз шуд ва мавриди ситоиши Русия қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG