Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мавқеъи газии Русияро танг мекунад


Бо корандозии лӯлаи нави интиқоли газ дар Туркманистон роҳҳои содироти гази табиӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз, ба истилоҳ, “мустамлика”-и Русия, раҳо хоҳанд хӯрд.

Лӯлаи гази Туркманистон-Чин дар даҳ соли ахир бори аввал аст, ки гази Осиёи Марказиро мустақим ба бозори беруна интиқол медиҳад. Ин масири нави содироти газ, ки 1833 километр дарозӣ дорад, дар зарфи се соли ахир бунёд шуда, вобастагии Туркманистонро аз ширкати “Газпром”-и Русия то камтар аз 50 дарсад поин мебарад. То ин замон 90 дарсади содироти гази Туркманистон ба хориҷаро маҳз “Газпром” идора мекард.

Брюс Панир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, дар ин иртибот мегӯяд:
“То ин замон ҳама роҳи интиқоли газу нафти минтақа танҳо аз Русия убур мекард ва амалан, Русия гази интиқолиии Туркманистон ва ҳам Қазоқистонро монополия карда буд. Бо сохта шудани лӯлаи нави газ, ки аз Туркманистон ба Чин мерасад, чунин хулоса мешавад кард, ки дар чанд соли оянда ба ҳама минтақаи ҷаҳон лӯлаҳои нави газ кашида мешаванд ва фисади саҳми Русия дар интиқоли гази Туркманистон ва Осиёи Марказӣ то 30 ва шояд 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Осиёи Марказӣ омода аст ва чунин иқтидор ҳам дорад, ки ба тамоми кишварҳои Аврупо ва Осиё газу нафт бидиҳад ва ифтитоҳи аввалин лӯлаи газ то Чин гувоҳи ояндаи нави Осиёи Марказист”.

Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бакорандозии лӯлаи нави нафтро “саҳфаи нав дар муносиботи миёни кишварҳо” номида, гуфт, дар таърихи Туркманистон ин рӯйдоди муҳим бо ҳарфҳои зарҳал навишта хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ ҳамчунин сарони кишварҳои Чин, Қазоқистон ва Ӯзбакистон ширкат варзиданд. Бунёди масири нави интиқоли газ барои раисҷумҳурони ин кишварҳо аҳамияти хоса дорад, он гуна ки Ҷеннифер Делай, муҳаррири ҳафтаномаи шотландии монитори Нафту Газ, мегӯяд:

“Бузургтарин аҳамияти ин лӯла дар он аст, ки ин нахустин чунин масири азим барои Туркманистон аст, ки ба Русия намеравад”.

Бар асоси тарҳи бунёди ин иншоот, тавоноии солонаи лӯлаи нави газ ба интиқоли 40 миллиард метри мукаааб баробар аст, ки танҳо дар соли 2012 имконпазир хоҳад шуд. Аммо чунин мувофиқа ҳосил шудааст, ки Ӯзбакистон ҳам солона аз тариқи лӯлаи гази Туркманистон-Чин ба ҷумҳурии мардумии Чин 10 миллиард метри мукааб газ таҳвил хоҳад дод.

Бо сохта шудани қисмати дуввуми лӯлаи газ, ки аз баҳри Арал то Чин, тавассути хоки Қазоқистон, боз 10 миллиард метри мукааб гази изофии Қазоқистонро ба Чин хоҳад расонд. Раисҷумҳурони Чин Ҳу Тсзинтао ва Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ин бора дар Ишқобод ба тавофуқ расиданд.

Коршинос Ҷеннифер Делай мегӯяд, Чин мехоҳад ба зудтарин фурсат ҳаҷми барои худаш лозими гази Осиёи Марказиро харидорӣ кунад:
“Чин дар марҳилаи кунунӣ мехоҳад дар бахши аъзами иқтисоду саноаташ аз гази табиӣ истифода кунад. Ҳоло ҳама саноати Чин вобастаи ангишт аст, ки албатта, маводи сӯхти ифлос аст ва ин кишвар салоҳ медонад ба газ гузарад. Дар ҳоли ҳозир, фикр мекунам, дар Чин гази табиӣ камтар аз даҳ дарсади тамоми энержии истифодамешударо ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Чин аз ҳар роҳи имконпазир истифода мекунад, ба гази табиӣ дасрасӣ дошта бошад ва агар ин кор ба воситаи лӯлаи гази бехатар сурат бигирад, боз ҳам беҳтар аст”.

Омодагии Чин барои аз ҳар роҳи имконпазир харидорӣ кардани гази табииро дар Тоҷикистон, ки низ харидори гази минтақа аст, гувоҳи болоравии эҳтимолии қимати ин навъи маводи сӯхт мехонанд. Наим Абдуллоев, коршиноси масоили нафту газ, мегӯяд, ба гумони ғолиб, Ӯзбакистон, ки дар симои Чин харидори “сарватманд”-и газашро мебинад, қимати гази содиротӣ ба Тоҷикистонро низ боло мебарад. Ба гуфтаи Н. Абдуллоев, ширкати “Тоҷиктрансгаз”-ро ҳоло зарур аст, бар асоси тавофуқи ҳосилшуда бо Туркманистон, ба сохтмони лӯлаи интиқоли гази туркманӣ ба воситаи хоки Афғонистон, ки ҳамагӣ 122 километр тӯл хоҳад дошт, шурӯъ кунад. Чун Туркманистон ваъда супурдааст, ки гази худро барои Тоҷикистон бо қимати ду баробар арзонтар хоҳад фурӯхт.

Бо ин ҳол, кишварҳои газдори Осиёи Марказӣ роҳҳои алтернативии содироти газ ба Аврупоро ҳам ҷустуҷӯ доранд. Аз ҷумла, тавассути тарҳи лӯлаи гази Набуко, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мешавад, ва дар сурати сохта шуданаш тавони интиқоли солона то 31 миллирд метри мукааб гази Осиёи Марказӣ ба қораи Аврупоро дорад.
XS
SM
MD
LG