Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти номаълуми ҷавони тоҷик дар Узбакистон


Зоир Саидов, ҷавони 28-сола аз Душанбе, бо нияти барпо кардани тӯи арӯсӣ аз мардикорӣ аз Русия ба ватан бармегашт. Аммо ӯ намедонист, ки ин роҳи чаҳоррӯзаи ӯ тавассути қатора ба моҳҳо тӯл мекашад ва замони муайяншуда барои баргузории тӯйи арӯсиаш низ ба муддати номаълум ва мухолифи хоҳиши ӯ мавқуф гузошта мешавад.

Зоирро дар роҳ ба сӯи ватан мақомоти интизомии Ӯзбакистон дар шаҳри Қунғурот аз қатора поин оварданд ва боздошташ карданд. Ба ҳангоми кофтукоб аз борхалтаи ӯ китобҳои «Қонунҳои шариати занони мусулмон", "Сад савол аз дин", "Асосҳои иҷрои ҳаҷ", "Таҳорати дил"-ро ходимони гумрук ва марзбонии Ӯзбакистон ошкор ва ҳамчун адабиёти мамнӯъ ва дорои мазмуни зиддидавлатӣ мусодира мекунанд. Аммо Зоир гуфтааст, китобҳоро дар вокзали шаҳри Маскав як донишҷӯи Донишкадаи исломии "Абу Нур"-и Сурия дода, хоҳиш кардааст, то ба Душанбе бирасонад.

Бо гузашти 3 моҳ аз замони боздошти Зоир Саидов мақомоти Тоҷикистон ва волидони ӯ наметавонанд бегуноҳии ӯро ба мақомоти он кишвар исбот кунанд. Падари ҷавони боздоштшуда ба радиои Озодӣ гуфт, ӯ нусхаҳо аз китобҳои кашфшуда дар ҷомадони фарзандашро барои ташхис ва арзёбӣ ба муфтиёти Русия бурда, аз он ҷо бо имзои масъулони ин ниҳоди мӯътабари динӣ посухи мусбат дарёфт кардааст. Падари Зоир мегӯяд, аммо мақомоти тафтишотии Ӯзбакистон ин китобҳоро адабиёти моҷароҷӯ ва мухолиф бо сохти конститутсионии давлати Ӯзбакистон талаққӣ карда, писари ӯро ба ҳамли адабиёти мамнӯъ мутаҳам мекунанд.

Бино ба нақли падари Зоир, ӯ ду навбат дар қабули сафири Тоҷикистон дар Тошканд будааст ва дар ҳузури худи ӯ сафорат ба унвони Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбакистон нотаи эътирозӣ ирсол карда, хостори раҳоии ин табаии Тоҷикистон мешавад. Ба гуфтаи падари Зоир, аз сӯи мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон низ мақомоти тафтишотии Ӯзбакистон дар бораи шахсияти писари ӯ маълумоти саҳеҳ дарёфт кардаанд. Зимнан, Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, таъйид кард, ки аз сарнавишти ин табааи тоҷик огоҳ ҳастанд ва сафорати Тоҷикистон дар Тошканд масъалаи раҳоии ӯро бо мақомоти тафтишотии Ӯзбакистон на як бору ду бор дар миён гузоштааст.

Тобистони соли ҷорӣ як чунин муносибати мақомоти тафтишотии Узбакистон ва маҳз дар шаҳри Қунғурот бо Шӯҳрат Шодиев, як рӯзноманигори тоҷик, рух дода буд, ки ӯро ҳам ба иттиҳоми гузаронидани адабиёти мазҳабӣ аз қаламрави он кишвар боздошт карда, ва сипас ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон озод карда буданд. Баъдан, сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон барои чунин аъмоли номуносиби мақомоти тафтишотӣ бо як шаҳрванди тоҷик аз ӯ расман пӯзиш талабид.

Аммо, феълан, маълум нест, ки сарнавишти Зоири 28-сола ба чӣ меанҷомад. Падараш мегӯяд, Зоиру Тоҳир бародарони дугоник будаанд ва волидон асбоби тӯи арӯсии онҳоро омода карда, ният доштаанд, баробари бозгашти Зоир ин маросими хурсандиро дар як рӯз бигзаронанд.
XS
SM
MD
LG