Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон забони русиро тавсиф кард


Абдулмаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия дар маҷмаъи панҷуми байналмиллалӣ, ки дар Маскав дар мавзӯи "Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар қарни 21" баргузор шуд, гуфтааст, забони русӣ ба ҳимоят ниёз надорад ва бидуни кӯмак аз тарафе мавқеи муҳими худро ҳифз хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қонуни нави забони давлатӣ ё забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва дар он дар бораи забони муоширати миёни миллатҳои сокини Тоҷикистон боқӣ мондани забони русӣ сухане гуфта нашудааст. Дар ин бора сомонаи интернетии "Поискнюс.ру" хабар додааст. Забони русӣ дар миёни кишварҳои муштаракулманофеъ забони корӣ ба шумор меравад, бо вуҷуди ин ки солҳои ахир ҷавонон бештар ба забони инглисӣ рӯ овардаанд.
XS
SM
MD
LG