Ахиран додситонии устони Перм алайҳи раҳбарони назорати сӯхтори минтақа ва корманди масъули ин ниҳод, ки тафтиши амният аз сӯхтор дар тарабхонаро бар дӯш дошт, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь” шаби шанбе бар асари оташбозӣ рӯх дода буд.
Дирӯз сарвазири Русия Владимир Путин дар бораи қонуншиканиҳои зиёд дар фаъолияти тарабхонаи “Хромая лошад” хабар дод. Ӯ ҳамчунин дар бораи кумак ба қурбониёну осебдидагон бар асари оташсӯзӣ дар Перм ва садамаи қатораи “Невский экспресс” амр содир кард.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар