Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел барои эълони таҳримҳо алайҳи Эрон омода аст


Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, ки дар сурати сарпечии Эрон аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаӣ, омода аст алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кунад. Дар изҳороти имрӯзаи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки дар сурати тасмими Шӯрои амнияти СММ барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Теҳрон, Брюссел аз ин тасмимҳо пуштибонӣ хоҳад кард.
Аз ин пеш ИМА, Британия ва Фаронса эълом доштанд, ки агар Эрон фавран ба иҷрои қатъномаҳои пешини Шӯрои амният шурӯъ накунад, бояд дар қиболи ин кишвар аз таҳримҳои нав кор гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG