Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Тифлис аз мавқеъи Дмитрий Медведев


Сарвазири Гурҷистон Ника Гилаурӣ аз имкони эҳёи парвози ҳавопаймоҳо миёни Русияву Гурҷистон ва боз шудани постгоҳҳо дар марзҳои миёни ду кишвар истиқбол кард. Ҳамзамон Гилаурӣ изҳор намуд, ки мушкили аслӣ дар равобити миёни Маскаву Тифлис “забти Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ аз сӯи Русия” боқӣ мемонад.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ихтилофи назар миёни мақомоти Русия ва Гурҷистон набояд дар равобити миёни мардуми ду кишвар монеъа эҷод кунад. Ӯ афзуд, ки “барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Русияву Гурҷистон, боз кардани постгоҳи “Ларси болоӣ” ва фурӯши тавлидоти Гурҷистон дар бозори Русия монеъаеро намебинад”.
XS
SM
MD
LG