Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Обама ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд


Ба Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар шаҳри Осло ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд. Қабл аз ин маросим Обама дар сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷаҳон афроди сазовортар аз ӯ барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза зиёданд. Ӯ афзуд, "вазифаи ман бошад – идомаи раҳпаймоӣ дар масирест, ки на фақат барои Амрико муҳим аст, балки сӯи сулҳу амнияти пойдор дар ҳама олам мебарад".
Барак Обама изҳор намуд, ки ӯ мехоҳад барои ҳалли мушкилоти муҳимтарини ҷаҳон, аз ҷумла, таҳкими амнияти сартосарӣ, эътидоли вазъ дар Афғонистон ва мубориза бо гармшавии иқлим талош варзад.
XS
SM
MD
LG