Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба Обама месупоранд


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Осло Ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, супурда шавад. Як мақоми баландпояи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки Барак Обама дар суханронии худ дар ин маросим ҷанг дар Афғонистонро бахше аз талошҳои васеъ барои дастёбӣ ба сулҳ арзёбӣ хоҳад кард. Барак Обама, раиси ҷумҳурест, ки дар аҳди раёсаташ ҷанг идома дорад ва Ҷоизаи Сулҳи Нобел ҳам насибаш шудааст. Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, Барак Обама аз ин чиз ба хубӣ воқиф аст ва онро “иттифоқи аҷиби таърих” хондааст. Кумитаи Ҷоизаи Нобел, моҳи октябри имсол Барак Обамаро – баррандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел эълом ва ҳукумати Амрикоро ҳайратзада кард. Баъзе аз шореҳони амрикоӣ, ин ҷоизаро, вазифаи иловагие барои раиси ҷумҳуре хонданд, ки ҳоло масъулияти ҷанг дар Афғонистону Ироқро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG