Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили то ба кор ё дарс расидан


Бо фаро расидани фасли сармо, мушкили пайдо кардани нақлиёти мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон хеле рӯшан эҳсос мешавад. Хусусан, субҳи барвақт ва шом. Боришот ва сардӣ ба ин мушкил меафзояд.

Аз сӯи дигар, афзоиши бесобиқаи нақлиёти мухталиф дар ҷодаҳои Душанбе сабаби роҳбандӣ ва ё пробкаҳои зиёд шудааст, ки ҳатто ба ҳаракати мунтазами нақлиёти сабукрав мушкил эҷод мекунад.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, теъдоди мусофирбарҳои бузург: автобус ва троллейбусҳоро афзоиш додааст, ки қиммати роҳкиро дар ин навъи мусофирбарҳо мутаносибан 50 ва 60 дирам аст. Сафархарҷии тангемҳо маъмулан як сомонӣ аст. Мардум ҳамчунин аз ночорӣ аз таксиҳои дусомона низ истифода мебаранд. Баъзеҳо барои аз бархе минтақаҳои Душанбе то марказ ва ё гӯшаҳои дигари он расидан 2-3 хатсайрро иваз мекнуанд.

Наворбардори «Озодӣ» ҳамсафари як шаҳрванди оддии Душанбе буд, то бубинад, ки мардум ба кадом навъи нақлиёт сафар дар пойтахтро бартарӣ медиҳанд ва аз чӣ мушкиле сӯҳбат мекунанд.

Нақлиёти Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG