Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққошиҳои қадим $112 миллион доллар даромад овард


Як намоишгоҳи фурӯши осори наққошии устодони қадими аврупоӣ дар Лондон бештар аз 112 миллион доллар даромад овардааст. Дар ин намоишгоҳ осори Рафаэл ва Рембрандт бо нархи рекордӣ ба фурӯш рафт. Як асари наққошии Рафаэл , ки дар қарни 16 офарида шудааст, ба арзиши рекордии 47,9 миллион доллар ба фурӯш расид. Як асари Рембрандт низ, ки соли 1658 наққошӣ шудааст, ба арзиши 33 миллион доллар харидор пайдо кард. Ричард Найт-кошиноси осори қадимии нақошӣ мегӯяд:

"Рембрандт рекордро шикаст. Ин аз лиҳози арзиш то ҳол чаҳорумин асари гаронбаҳо буд. Дақиқтар, барои осори ин нақош ин нарх дар намоишгоҳи мазкур рекорди ин наққош мебошад".

Ин арзиш барои осори нақошии Рембрандт нархи рекордӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG