Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев мехоҳад тасмими ниҳоиро президент бигирад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия пешниҳодеро ба маҷлиси болоии порламони кишвараш фиристодааст. Тибқи ин санад, танҳо раиси ҷумҳур ҳақ дорад, ки дар бораи фиристодани ниру ба хориҷ аз кишвр барои дифоъ аз манофеи Русия тасмим бигирад. Дар ин бора рӯзи сешанбе хабаре дар сафҳаи интернетии Кохи Кремл чоп шуд. Аммо дар қонуне, ки моҳи ноябр ба тасвиб расид, гуфта шудааст, ки "дар вазъияти изтирорӣ" нируҳои Русия метавонанд дар хориҷ аз кишвар мустақар шаванд, вале қабл аз он раиси ҷумҳур бояд ризояти маҷлиси болоии порламонро бигирад.

XS
SM
MD
LG