Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфтааст, тазоҳуркунандагонро саркӯб мекунад


Дар рӯзи дуввуми тазоҳуроти эътирозӣ мақомоти Эрон таҳдид кардаанд, ки тазоҳуроти зидди давлатии мухолифонро бераҳмона саркӯб мекунанд. Тибқи гузоришҳои рӯзи сешанбе, миёни донишҷӯёни тазоҳуркунанда ва ҷонибдорони ҳукумати муҳофизакор дар назди донишгоҳи Теҳрон заду хурд ба амал омадааст. Сафҳаҳои интернетии ҷонибдори мухолифон ба нақл аз шоҳидони айнӣ навиштаанд, ҷонибдорони муҳофизакорон рӯзи сешанбе раҳбари мухолифон Мирҳусейн Мусавиро таҳқир кардаанд. Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ аз қавли додситон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ Эйҷӣ гуфтааст, мақомот ба ононе, ки " бар зидди амнияти миллӣ" рафтор мекунанд, раҳм нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG