Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои Ӯзбакистон ба донишҷӯёни "саркаш"


Бино ба гузориши бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, чандин донишҷӯи макотиби олии ин кишварро барои саркашӣ аз ҷамъоварии пунба аз донишгоҳҳояшон хориҷ кардаанд. Бобур Рашидов – як устоди донишгоҳ, гуфтааст, аз миёни ҳар даҳ нафар донишҷӯ панҷ нафари онҳо, ки аз чидани пунба саркашӣ ва ё аз пахтазорҳо фирор кардаанд, аз донишгоҳ ронда шудаанд. Ба гуфтаи Бобур Рашидов, аз миёни 3000 ҳазор дониҷӯи донишгоҳи онҳо, тақрибан 1000 нафари онҳо аз рафтан ба пахтазорҳо сарчечӣ кардаанд. Ӯзбакистон, ки дуввумин бузургтарин тавлидкунандаи пунба дар ҷаҳон аст, барои истифодаи нерӯи кӯдакон ва донишҷӯён дар ҷамъоварии ҳосили пахта аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ танқид шудааст.
XS
SM
MD
LG