Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотами миллӣ дар Русия


7-уми декабр, дар Русия барои гиромидошти хотираи қурбониёни сӯхтор дар шаҳри Перм Рӯзи мотами миллӣ эълом шудааст. Ин сӯхтор ҳадди ақал ҷони 112 нафарро гирифта ва беш аз сад каси дигарро шадидан маҷрӯҳ кардааст.

Дар саросари кишвар парчамҳои давлатӣ сар поин афкандаанд ва барномаҳои тафреҳӣ ба таъвиқ гузошта шудаанд.

Шаҳри Перм аллакай се рӯз боз мотам мегирад. Имрӯз, гурӯҳи аъзаме аз қурбониёни сӯхтор ба хок супорида хоҳанд шуд. Се нафарро рӯзи якшанбе гӯронида буданд.

Дар ин миён ҷасадҳои ҳамаи кушташудагон шиносоӣ шудаанд. Дар миёни бештар аз сад куштаи сӯхтори даҳшатнок дар тарабхонае дар шаҳри Перм ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст.

Хабаргузории «Азия-Плюс» бо такя ба манобеъ дар Русия навиштааст, дар шаҳри Перм тоҷикони зиёд кор ва зиндагӣ мекунанд, вале маъмулан онҳо ба ин тарабхона, ки аз гаронтарин маконҳои тафреҳӣ дар он шаҳр маҳсуб мегардидааст, намерафтаанд.

Иллати сӯхтор, риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оташбозӣ дар дохили тарабхона будааст. Пулис мегӯяд, аксари кулли кушташудаҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи сӯхтор ва имкони маҳдуди берун шудан аз сохтмони клуби шабонгоҳии “Хромая лошад” ҷони худро аз даст додаанд. Ҳолати аксари кулли маҷрӯҳон хеле вазнин арзёбӣ мешавад ва чанд нафаре аз онҳо ҳам дар бемористонҳо ҷон аз даст додаанд.

Дар як навори видеоие, ки дар лаҳзаҳои аввали сар задани сӯхтор сабт шудааст, дидан мумкин аст, ки сақфи бисёр ҳассоси чӯбии сохтмон бо шурӯи нахустин алангаҳои оташ зуд ба сӯхтан даромад ва боиси тавсеаи босуръати оташ дар тамоми ин муассиса гардид. Дар ин навор ҳамчунин хуб дидан мумкин аст, ки барои берун шудан аз танҳо баромадгоҳи ин тафреҳгоҳ якбора 233 нафар дар як ҷо дармондаанд.

Драматические кадры
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00


Мақомоти интизомии Русия алайҳи соҳибони тарабхона ва масъули оташбозӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба хабарҳо, тарабхонаи мазкур пештар барои риоят накардани қоидаҳои бехатарии оташнишонӣ ҷарима шудааст.

Шабнишинии мазкур, ки ба ифтихори ҳаштсолагии таъсиси ин тарабхона ташкил шуда буд, аз ҷониби муассисон даъват шуд. Аксар меҳмонҳо дӯстону наздикон ва хешу ақрабои соҳибони ин тарабхона будаанд.

Вилояти Перм ба зарардидаҳо ва оилаҳои қурбониён сад ҳазор рубли русӣ хоҳад дод. Ҳукумати федеролии Русия низ эълон кардааст, ки ба осебдидагон ва оилаҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, ёрии молӣ хоҳад кард. Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, дар сӯҳбати видеоие бо вузарои кишвараш, (ҳолати изтирорӣ, беҳдошт ва корҳои дохилӣ), ки дар маҳалли ҳодиса мебошанд, амр додааст, то дар масъалаи молӣ ҳукумат сарфаҷӯӣ накунад.
XS
SM
MD
LG