Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки музокираҳо бо Толибон бояд маънои хатми фаъолиятҳои шӯришиёнро дар хоки Афғонистон дошта бошад. Дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии ABC News Гейтс гуфт, ки нияти президент Барак Обама аз ирсоли нирӯҳои иловагӣ ба Афғонистон ин аст, ки гурӯҳҳои шӯришиёнро сари мизи гуфтугӯ нишонад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки ҳамчунин меҳмони барномаи “Ин ҳафта”-и телевизиони амрикоӣ буд, гуфт, пеш аз вориди музокираҳо шудан Толибон ва Ал-Қоида бояд шарти дасткашӣ аз хушунату ҷангро бипазиранд.