Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти қонуни интихоботи Ироқ ҳал хоҳад шуд


Имрӯз муовини раиси ҷумҳурии Ироқ Тариқ-ал-Ҳошимӣ қарор аст мавқеи худро дар нисбати қонуни интихоботи соли ояндаи ин кишвар мушаххас карда онро қабул ва ё вето кунад. Интизор меравад, ки Ҳошимӣ - як араби суннимазҳаб, барои бори дуюм тарҳи ин қонуни муҳимро вето кунад. Вуҷуди баҳсҳо миёни қонунгузорони шиамазҳабу курдтабор дар масъалаи тақсими курсиҳои парлумон дар миёни гурӯҳҳои милливу мазҳабии Ироқ сабаби аслии чунин таъхир дар қабули қонун аз ҷониби муовини раиси ҷумҳурӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG