Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдуд шудани дастрасӣ ба Интернет дар Эрон


Сокинони Теҳрон таъйид мекунанд, ки дар пешорӯи тазоҳуроти зиддидавлатии фардо дар рӯзи миллии донишҷӯ дар Эрон, мақомот дастрасиро ба Интернет маҳдуд кардаанд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс дар нақли қавл аз сокинони Эрон менависад, ки мақомот дастрасиро ба почтаи электронӣ ва сайтҳои интернетии мухолифин масдуд кардаанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё чунин маҳдудиятҳо сартосарӣ аст ва ё танҳо қаламрави Теҳронро дар бар мегирад.
Дар як хабари ҷудогона гуфта мешавад, ки мақомот ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ гуфтаанд, ки фардо барои пӯшиш додани тазоҳуроти эътирозӣ аз дафтарҳои худ берун нашаванд. Баъди рӯзи 7 декабри соли 1953 кушта шудани се донишҷӯ дар намоишҳои зиддиамрикоӣ маъмулан ҳар сол дар саросари Эрон намоишҳои эътирозӣ доир мешаванд. Аз соли 1990 бошад нирӯҳои ислоҳотталаб дар ин рӯз раҳпаймоиҳои худро ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG