Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манмуҳан Сингҳ ба Маскав сафар кард


Нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ имрӯз ба Русия сафар карда аз мақомоти Маскав дархост хоҳад кард, ки бо истифода аз нуфузи худ ба терроризми зидди Ҳинд, ки аз хоки Покистон бармехезад, хотима диҳад. Сингҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорони рус пеш аз сафар гуфт, ки Покистон бояд мутақоид шавад, ки истифодаи терроризм ба ҳайси як силоҳи сиёсӣ муғойир бо стратегияи ҳусни ҳамҷаворӣ бо Ҳинд мебошад. Ишораи оқои Сингҳ ба ҳамлаи террористии соли гузашта дар Мумбай аст, ки аз ҷониби тундгароҳои покистонӣ анҷом шуда масъулияти онро Деҳлӣ то бар пояи давлати Покистон бардошта буд. Вале Исломобод ингуна иттиҳомоти Деҳлиро рад кардааст. Оқои Сингҳ гуфт, ки дар сурати набуди масъалаи хатари терроризм вай ба ҳамкориҳои густардатару беҳтар бо Покистон умед мебандад.
XS
SM
MD
LG