Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афшин: "Пириямро дар Тоҷикистон мегузаронам"


Шоми 5-уми декабр дар саҳнаи Кохи Борбади шаҳри Душанбе якбора чаҳор овозхони мусиқии попи тоҷикиву афғониву эрониву ӯзбакӣ дар барномаи ҳунарии таҳти унвони “Мусиқии бидуни марз” ҳунарнамоӣ карданд.

Бар тибқи огаҳии қаблӣ қарор буд дар консерт овозхонҳо Афшин, Фирӯза Ҳафизова ва Севинч Мӯъминова оҳангҳои беҳтарини худро намоиш диҳанд, вале тавре хабарнигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа аз дохили консерт гузориш дод, ташаббускорон – ширкатҳои “Ориён-Медиа” ва “Қиём интертейнмент” ба таври ғайримунтазира ҳамчунин овозхони афғон Ҷовид Каримиро барои ширкат дар ин барнома даъват карданд. Ӯ се таронаи худро тақдими ҳаводорони тоҷикистониаш кард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар Душанбе дар як саҳнаи ҳунарӣ якбора намояндаҳои ин чаҳор кишвар гирдиҳам меоянд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, толори консертии Борбад, ки тавони гунҷоиши ҳудудан се ҳазор тамошобинро дорад, пур аз ҳаводорон буд ва бархе маҷбур буданд ҳунарнамоии овозхонҳои маҳбуби худро рост истода тамошо кунанд. “Бархе тамошобинон шикоят мекарданд, ки ҳарчанд барои харидории билети консерт аз 100 то 200 сомонӣ маблағ пардохт карданд, вале курсии онҳо ба дигарон бо билетҳои “қочоқӣ” фурӯхта шуда буд”, гуфт Шаҳлои Гулхоҷа.

Афшин ва Севинч дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00


Ҳунарнамоии Афшин, овозхони эрониасли ғарбӣ, ки дар миёни ҳаводорони поп хеле маъруф аст, дар Тоҷикистон барои нахустин бор
сурат мегирад. Афшин аз истиқболи гарми мухлисон аз ӯ дар ҳайрат ҳам афтод ва гуфт, дар тӯли 8 соли ҳунарнамоияш ба ан индоза дар ҳеҷ ҷое истиқбол надида буд. Афшин ҳамчунин гуфт, шефтаи самимияти тоҷикон шудааст ва орзу дорад, ки ба Тоҷикистон биояд ва дар ин ҷо муқим бишавад ва солҳои пирии худро дар ин ҷо сипарӣ бикунад.

Севинч Мӯъминова, ҳунарманди ӯзбакистонӣ, ки барои ҳаводорони тоҷикаш солҳои зиёд тавассути оҳангу суруд ва ҳамчунин нақшҳои ҳунариаш дар синамои имрӯзаи Ӯзбакистон хуб ошност, аз ин пеш дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда буд. Фирӯза Ҳафизоваро мусиқишиносон ситораи нави саҳнаи попи тоҷик мегӯянд, ки бо оҳангҳои “Каҷакабрӯ” ва “Бачаи нодоне” ба дили мухлисонаш роҳ ёфтааст.
XS
SM
MD
LG