Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Перм ҷони беш аз сад касро гирифт


Бар асари сӯхторе, ки дар паи фейерверке дар базмгоҳи шабонгоҳии ин шаҳри шарқии русӣ рӯй дод, ҳадди аққал 103 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Полис мегӯяд, ки аксари кулли кушташудаҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи сӯхтор ва имкони маҳдуди берун шудан аз сохтмони клуби шабонгоҳии “Хромая лошад” ҷони худро аз даст додаанд. Аз миёни 134 маҷрӯҳи ин ҳодиса ҳолати 85 нафар хеле вазнин арзёбӣ мешавад.

Ҳарчанд дар оғоз фарзияҳое дар бораи эҳтимоли таркиши бомба дар дохили ин клуб ва амали террористӣ будани он ба забон оварда мешуд, вале дар тӯли рӯз мақомоти интизомии Русия ин тахминро рад карданд. Вазири ҳолатҳои изтирорӣ Сергей Шойгу дар гузоришаш ба раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев гуфт, ки тафреҳгоҳи мазкур аз лиҳози риоя нашудани меъёрҳои амниятӣ ва нодида гирифтани талаботи ҷилавгирӣ аз сӯхтор борҳо ҳушдор дода шуда эҳтимол дорад маҳз бо ҳамин сабаб ба чунин як ҳол гирифтор шуд. Дар як навори видеоие, ки дар лаҳзаҳои аввали сар задани сӯхтор сабт шудааст, дидан мумкин аст, ки сақфи бисёр ҳассоси чӯбии сохтмон бо шурӯи нахустин алангаҳои оташ зуд ба сӯхтан даромад ва боиси тавсеаи босуръати оташ дар тамоми ин муассиса гардид. Дар ин навор ҳамчунин хуб дидан мумкин аст, ки барои берун шудан аз танҳо баромадгоҳи ин тафреҳгоҳ якбора 233 нафар дар як ҷо дармондаанд.

Deadly Fire At Russian Nightclub
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00


Шабнишинии мазкур, ки ба ифтихори ҳаштсолагии таъсиси ин тарабхона ташкил шуда буд, аз ҷониби муассисон даъват шуд. Аксар меҳмонҳо дӯстону наздикон ва хешу ақрабои соҳибони ин тарабхона будаанд. Мақомоти беҳдошти маҳаллӣ мегӯянд, ки бо назардошти зиёд будани шумори осебдидагон ва онҳое, ки дарсади хеле зиёди танашон сӯхтааст, эҳтимол дорад шумори қурбониҳои ин шабнишинӣ ҳам афзоиш ёбад.

Бо як амри нахуствазир Владимир Путин рӯзи шанбе ба маҳалли ҳодиса аз Маскав ҳавопаймое бо гурӯҳи иловагии табибону мутахассисони тиббӣ фиристода шуд. Барои ҳамоҳангсозии кори имдодрасонӣ шабонгоҳи шанбе ба Перм вазирони ҳолатҳои изтирорӣ, умури дохила ва беҳдошт парвоз карданд. Дар муроҷиат ба сокинони шаҳри Перм, ки 1,2 миллион ҷамъият дорад, мақомот ироаи хун барои ҷабрдидаҳоро тақозо кардаанд.


Дар шаҳри Перм ҳастед? Аз ин ҳодиса хабар доред? Ба Озодӣ бинависед.
XS
SM
MD
LG