Бештар аз 1000 нафар сарбозони нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла сарбозони Амрико ва Бритониё, амалиётеро ба зидди ҷангҷӯёни Толиб дар ҷануби Афғонистон оғоз кардаанд. Сарбозони артиши Афғонистон ҳам дар ин амалиёт, ки “Хашми Кубро” унвон дорад ширкат мекунанд. Вилям Пеллетиер, сухангӯи низомиёни Амрико гуфт, амалиёт рӯзи ҷумъа дар шимоли вилояти Ҳилманд оғоз ёфтааст ва ҳадафи он бастани роҳҳои замини таъмини Толибон бо лавозимот аст. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки амалиёти мазкур пеш эъломи Барак Обама барои ирсоли 30 ҳазор сарбози изофӣ ба Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.