Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт гирифтори зукоми нав дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон феълан 7 нафар: се шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор шаҳрванди хориҷӣ бо маризии зукоми «04 Калифорния» сабти ном шудаанд.

Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба сомонаи Озодӣ гуфт, ин зуком аз зукоми хук фарқ мекунад ва бештар бо истилоҳи зукоми нав маъруф аст.

Ҷаноби Мирзоев гуфт, вале мардум набояд ба тарсу ҳарос дода шаванд, чун таҷриба нишон медиҳад, ки ин зуком аз зукомҳои мавсмӣ хатарноктар нест. Ӯ гуфт, ҳақиқатан ҳам дар замоне, ки зукоми нав кашф шуда буд, моҳи апрели соли ҷорӣ, олимон аз он хавфи зиёд доштанд, аммо маълум гашт, ки хатараш аз интизорот камтар будааст. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард, ки ба ҳарос дода нашаванд, чун ҳолати ҳарос иммунитети баданро дарм уқобила бо ҳар гуна амроз коҳиш медиҳад.

Ӯ гуфт, дар назди Вазорати тандурустӣ як ситоди доимоамалкунанда ташкил шудааст. Ба қавли ҷаноби Мирзоев, ҳукумати Тоҷикистон қарори нақшаи мубориза бо ин бемориро низ қабул кардааст ва дар кишвар маводи табобатӣ захира шудаанд.

Аъзам Мирзоев гуфт, имсол дар Тоҷикистон бемории зуком дар муқоиса бо соли гузашта ба маротиб камтар сабти ном шудааст. Ӯ

ҷиҳати пешгирии ин маризӣ тавсияҳо дод ва гуфт, чораҳои аввалияи пешгирӣ аз зукоми нав низ ба мисли зукомҳои дигар якгунаанд – хӯрдани ғизои серкалория, обутоб додани бадан, сайругашт дар ҳавои тоза ва зуд-зуд ҳавои манзилҳоро тоза кардан.

Аъзам Мирзоев гуфт, дар сурати пайдо шудани нишонаҳои нахустини зуком ба мисли дарди сар, баланд шудани ҳарорати бадан ё дард дар мушакҳо ва буғумҳо беҳтар аст, ки духтурро ба манзил фарёд бикунед.

Хонандагони гиромии Озодӣ. Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон имрӯз, чоруми декабр, меҳмони сӯҳбати он-лайни Озодӣ буд ва метавонед бо посухҳои ӯ ба суолҳои хонандагон ошно бишавед.
XS
SM
MD
LG