Дар чанд ҷумла
Афзоиши теъдоди қурбониёни ҳамла дар Равалпиндӣ
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Зеленский ва ҳайати амрикоӣ 5 соат гуфтугӯ карданд
Гуфтугӯҳо миёни Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва ҳайати музокиракунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15 декабр дар Берлин, пойтахти Олмон идома меёбад.
Ба гузориши маркази хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ду тараф рӯзи 14 декабр ҳудуди панҷ соат гуфтугӯ карданд, аммо ба натиҷаи рӯшане даст наёфтанд.
Дар ин гуфтугӯ, Стив Виткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп барои Ховари Миёна ва Ҷеред Кушнер, домоди Трамп ва шуморе дигар аз мақомҳои амрикоӣ ба намояндагӣ аз ИМА ҳузур доранд.
Ин гуфтугӯҳо сари тарҳи сулҳи 28-моддаие баҳс мекунад, ки аз сӯи Амрико пешниҳод шуда буд. Тарҳе ки Украина баъдан онро ба 20 модда коҳиш дод.
Зеленский пеш аз мулоқоти панҷсоата ба хабарнигорон гуфта буд, Киев эҳтимол дорад дар баробари дарёфти замонатҳои амниятӣ аз хости худ барои узвият дар НАТО даст бикашад.
Ҳолати минтақаи Донбасс ва назорат бар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже, ду нуқтаи калидии мавриди ихтилоф дар музокирот бо Вашингтон барои расидан ба созиш ҷиҳати поён додан ба ҷанг бо Русия аст.
Садамаи як қатораи борбар дар Ёвон
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як қаторае, ки сӯзишворӣ мекашонд, дар ноҳияи Ёвон ба садама дучор шудааст.
Ба дасти Радиои Озодӣ чанд акс ва наворе расид, ки дар он дида мешавад, як қатор чаппа шуда, оташ гирифтааст.
Корбарон бо ирсоли ин навору аксҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 14-уми декабр дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон бар асари лағзиши замин роҳ вайрон шуда, қатора ба садама дучор шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳодиса чӣ талафот доштааст.
Радиои Озодӣ субҳи 15-уми декабр барои гирифтани шарҳи расмӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо посухе дарёфт накард.
Бояд гуфт, ки бахши асосии сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистон тариқи қатора оварда мешавад.
Нархи патент дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад
Соли оянда нархи патент ё иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, шуруъ аз моҳи январи соли 2026 нархи патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав 10 ҳазор рубл хоҳад шуд. Имсол патент дар пойтахти Русия 8 ҳазору 900 рубл арзиш дошт.
Ҳамчунин аз соли оянда нархи патент дар шаҳри Санкт-Петербург, дуввумин шаҳри бузурги Русия аз 6 ба 8 ҳазор рубл боло бурда мешавад.
Соли 2026 арзиши иҷозатномаи кор дар Екатеринбург 9500 рубл, Қазон 7940 рубл ва дар Севастопол 12 ҳазору 340 рубл хоҳад буд.
Масъулин дар вилояти Новосибирск ҳам гуфтаанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд. Аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ, 2950 рубл бештар будааст.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд.
Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд.
Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
12 кушта дар ҳамла ба маросими мазҳабии яҳудиён дар Австралия
Дар тирпаронӣ дар соҳили Бонди (Сидней, Австралия) дастикам дувоздаҳ кас кушта шуда, 29 нафар дар бемористон ҳастанд.
Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба пулис аз боздошти ду нафар хабар дод.
Расонаҳои Австралия гуфтанд, яке аз ҳамлагарон кушта шудааст.
Тирпаронӣ ҳангоми таҷлил аз Ҳанока, ҷашни мазҳабии яҳудиён рух дод.
Энтони Албанез, нахуствазири Австралия, ҳодисаро "даҳшатбор" ва "дардовар" хонд.
Мақомоти Исроил низ ҳодисаро маҳкум карданд.
Мақомоти Туркманистон озодии Мансур Мингеловро рад карданд
Идораи зиндонҳои Туркманистон бо далели "набудани заминаи қонунӣ" розӣ нашудааст, ки Мансур Мингелов шартӣ ва пеш аз муҳлат аз маҳбас раҳо карда шавад.
Ин ҳомии зиндонии ҳуқуқи башар сахт бемор аст. Дар ин бора вебсайти turkmen.news хабар дод.
Як кумисюн аз Вазорати тандурустии Туркманистон соли 2024 дарди буғуми зонуи Мингеловро тасдиқ карда, ҳамзамон гуфта буд, ки муолиҷаи ин беморӣ дар дохили кишвар ғайриимкон аст.
Бо вуҷуди ин, тибқи номаи Идораи зиндонҳо, мансабдорон "ҳамаи далелҳоро баррасӣ карда", ба хулосае омадаанд, ки "онҳо ба талаботи қонунгузории Туркманистон мутобиқ нестанд".
Наздикони Мингелов моҳи сентябри имсол бо ишора ба қонунҳои Туркманистон аз Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар озодии ӯро хоста буданд. Ин ду банди қонун, ба гуфтаи онҳо, раҳоии зиндониёнро дар вақти бемории вазнин иҷоза медиҳанд.
Мансур Мингелов 50-сола аст. Додгоҳи Туркманистон ин ҳомии ҳуқуқи башарро соли 2012 бо гуноҳи қочоқ ва паҳн кардани маводи порнографӣ ба 22 сол зиндон маҳкум кард.
Созмонҳои ҳуқуқи башар парвандаи ӯро комилан сохта медонанд.
53 ҳазор кас аз Тоҷикистон барои табобат ба Узбекистон рафтаанд
Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки дар даҳ моҳ, аз январ то октябри имсол, беш аз 75 ҳазор хориҷӣ барои гирифтани табобат ё хадамоти пизишкӣ ба ин кишвар рафтаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, аз ҷумла 53 ҳазор нафарашон аз Тоҷикистон.
Аз Қирғизистон зиёда аз 13 ҳазор, аз Қазоқистон тақрибан 7 ҳазор, аз Русия беш аз 1 ҳазору 700 ва аз Афғонистон зиёда аз 500 кас аз хадамоти пизишкии Узбекистон истифода кардаанд.
Теъдоди шаҳрвандони кишварҳои дигар андак будааст. Барои мисол, аз Туркия 43, аз Иёлоти Муттаҳида 15 ва аз Чин 14 нафар.
Баъди боз шудани марз бо Узбекистон дар соли 2018, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар бо ҳадафи табобату сайёҳӣ ва парвоз ба Русияву кишварҳои дигар ба Узбекистон мераванд.
Барои муқоиса, дар ҳашт моҳи аввали соли гузашта тақрибан 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ёрии пизишкӣ ба Узбекистон рафта буданд.
Беларус даҳҳо зиндониро озод кард. Белятский: "Мубориза идома дорад"
Пас аз он ки Вашингтон дар бораи имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи содироти нуриҳои минералии Беларус сухан гуфт, Минск рӯзи 13-уми декабр даҳҳо зиндониро озод кард.
Ба гуфтаи намояндагони Амрико, расонаҳои Беларус, созмонҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти Украина, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар умум 123 зиндонӣ, аз ҷумла баъзе аз намояндагони мухолифинро "бахшидааст".
Дар байни онҳое, ки аз зиндон раҳо шуданд, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли 2020 Мария Калесникова ва барандаи ҷоизаи Нобел Алес Белятский низ ҳастанд.
Денис Кучинский, намояндаи раҳбари мухолифини Беларус Светлана Тихановская, гуфт, ҳамаи маҳбусони сиёсии раҳошуда “саломат ҳастанд” ва Беларусро тарк карданд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки 114 зиндонии раҳошуда аз Беларус ба Украина расиданд. Нӯҳ нафари дигар ба Литва рафтаанд.
Мария Калесникова баъд ворид шуданаш ба хоки Украина хоҳони раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Беларус шуд. Алес Белятский дар Литва ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар гуфт, "муборизаи мо идома дорад".
Ҷон Коул, фиристодаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Беларус, дар шабакаи “X” аз ин иқдом ситоиш кард ва онро як гоми муҳим дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Беларус номид.
Коул инчунин ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, эҳтимол Беларус дар моҳҳои оянда маҳбусони бештарро раҳо кунад, вале тафсилот надод.
Беларус дар моҳи феврали соли 2022 барои ҳамкорӣ бо Русия дар ҳамла ба Украина бо таҳримҳои шадиди Ғарб рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати ин кишвар дар моҳҳои охир дар чанд марҳила даҳҳо зиндониро озод кард, аммо садҳо нафаре, ки маҳбусони сиёсӣ дониста мешаванд, то ҳол дар зиндонҳои Беларус ҳастанд.
Боздошти Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар Эрон
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Машҳади Эрон боздошт шудааст.
Бунёди Наргис Муҳаммадӣ хабар дод, мақомоти Эрон ин фаъолияти ҳуқуқи башарро дар маросими ёдбуди Хусрав Аликурдӣ, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дастгир карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти қудратии Эрон дар вақти боздошти Наргис Муҳаммадӣ ва чанд фаъоли дигари ҳуқуқи башар аз хушунат истифода бурданд.
Саҳифаи Наргис Муҳаммадӣ дар шабакаи X (Твиттер) баъд аз зуҳри 12 декабр навишт, ин фаъоли ҳуқуқи башар "бо хушунат тавассути маъмурони амниятӣ ва интизомӣ боздошт шуд".
Шавҳари Наргис Муҳаммадӣ низ, ки муқими Фаронса аст боздошти ӯро тасдиқ кард.
Кумитаи нобели Норвеж, ки барандаи Ҷоизаи Нобелро эълом мекунад, бо пахши баёнияи кутоҳ аз мақомоти Эрон хост, ки Наргис Муҳаммадиро бе қайду шарт озод кунанд.
Наргис Муҳаммадӣ соли 2023 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд. Ин фаъоли ҳуқуқи башар солҳо дар зиндон буд ва моҳи декабри соли 2024 барои муолиҷа аз маҳбас раҳо шуд.
Мутарҷими навраси украинӣ дар Порлумони Аврупо гирист
Мутарҷими Порлумони Аврупо дар вақти тарҷумаи суханҳои Романи 11-сола, як наврас аз Украина гирист.
Роман дар ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Виннитсаи Украина дар рӯзи 14 июли соли 2022 зинда монд, аммо модараш дар натиҷаи он ҳамла кушта шуд.
Роман 36 ҷарроҳӣ гирифт ва ба далели ҷароҳатҳову сӯхтагии зиёд давраи тавонбахшии тӯлониро пушти сар кард. Сарфи назар аз ин, вай ба таҳсил, рақс ва мусиқӣ боз гашта, инчунин мукофотеро аз президенти Украина дарёфт кардааст.
Рӯзи 10-уми декабр Роман ба намоиши филм ба шаҳри Брюссел рафт ва онҷо саргузашти худро ба вакилони Порлумони Аврупо нақл кард ва онҳоро даъват кард, ки “ҳаргиз таслим нашаванд”, зеро ба гуфтаи вай, “замоне, ки мо якҷоем, мо нерумандем”.
Дар ин рӯз ҳамчунин барои вакилони Аврупо филмҳои мустанад дар бораи кӯдакони украинӣ намоиш дода шуд.
Навор аз саҳифаи инстаграми Радиои Озодӣ:
Микрофони Путинро як дақиқа рӯшан накарданд
Рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон Форуми байналмилалӣ бахшида ба сивумин солгарди бетарафӣ ё худ нейтралитети Туркманистон доир шуд.
Телевизиони русии "ДОЖД" дар шабакаи Фейсбук навори суханронии Владимир Путинро нашр кардааст, ки дар он раҳбари Русия наздик ба як дақиқа бо микрофони хомӯш суҳбат мекунад.
Албатта баъдан микрофон фаъол шудаву суханронӣ идома кардааст.
Дар нишасти Ишқобод ҳамчунин раҳбарони Эрон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш ба тахдиду чолишҳои ҷаҳони муосир ишора карда гуфт, ин мушкилот рушди иқтисодро ба ақиб мезананд.
Туркманистон як кишвари худкома ва баста аст, ки давоми 20 соли ахир аз сӯи падар ва писар Бердимуҳаммадовҳо роҳбарӣ мешавад.
Ҳалокати ду нафар дар таркиши мина дар Тоҷикистон
Соли 2025 дар пайи таркиши минаҳо дар Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки якеаш навраси 10-сола мебошад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Умед Мансуров, намояндаи ҳуқуқии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, наврасе, ки дар таркиши мина ба ҳалокат расид, сокини минтақаи Саридашти ноҳияи Дарвоз буд.
Нафари дуюме, ки дар таркиши мина ҷон бохтааст "як масъули поксозии минаҳо ё сапёр" будааст.
Тибқи омори намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, давоми 33 соли ахир 351 нафар дар Тоҷикистон аз таркиши мина ба ҳалокат расида, 541 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд
Баъзе майдонҳои минакоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 боқӣ мондааст.
Қарори нави Иттиҳоди Аврупо дар бораи дороиҳои Русия
Иттиҳоди Аврупо дороиҳои Русияро дар ҳудуди ин созмон ба муддати номаҳдуд ҳабс мекунад. Дар ин бора хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хабар додааст.
Ба гузориши манбаъ, ин тасмим бо истифода аз тартиби махсусе гирифта шудааст, ки барои ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ гардидааст.
Ба ин тартиб, дороиҳои Русия то замони поёни ҷанги Маскав алайҳи Украина ва пардохти ҷуброн ба Киев, дар банд мемонанд.
Танҳо баъди поёни ҷанг ва розигии Русия барои пардохти ҷуброн ба Украина, Маскав метавонад аз дороиҳои худ дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истифода барад.
Қарори ахири Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки аз дороиҳои Русия барои кумак ба Украина истифода шаванд.
Дороиҳои Русия дар Аврупо 210 миллиард евро ҳисоб шудааст. Бештари ин маблағҳо дар ҳисоби бонкии Euroclear дар Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқро ба Қирғизистон роҳ надодаанд
Мақомоти Қирғизистон гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд. Субҳи 12-уми декабр гурӯҳе аз кормандони Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башар ба фурудгоҳи “Манас” дар шаҳри Бишкек ворид шудаанд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, аз марз бигзаранд.
Дар ин ҳайат, Иля Нузов, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Рафаэл Лопоухин ва яке аз ҳамкорони дигараш шомил будаанд. Ҳодиса 10 рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Русия Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башарро ба феҳрасти “созмонҳои номатлуб” шомил кард.
Марзбонони қирғиз шиносномаҳои меҳмонони хориҷиро гирифта, сабаби роҳ доданашонро ҳам нагуфтаанд ва сипас санадҳояшонро баргардонда аз Қирғизистон ихроҷ кардаанд. Федератсиюни Байналмилалии Созмонҳои Ҳуқуқи Башар, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аст, ки соли 1922 таъсис ёфтааст ва қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса ҷойгир шудааст.
Дар Тоҷикистон ҷиноятҳои вазнин зиёд шудаанд, бахусус таҷовуз ба номус
Бино ба омори расмӣ, теъдоди ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта тақрибан 10 дар сад зиёд шудааст. Бар тибқи иттилои Оҷонси омори тобеи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз моҳи январ то моҳи октябри имсол 4718 ҷинояти вазнин сабт шудааст, агарчӣ аз ин навъи ҷиноятҳо дар ҳамин давраи соли гузашта 4296 маврид сабт шуда буд.
Имсол бештар аз ҳама таҷовузи ҷинсӣ ва ё қасди таҷовуз рӯ ба афзоиш овардааст, ки ба гуфтаи идораи омор 32.3 дар садро ташкил медиҳад. Соли 2025 дар Тоҷикистон 41 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва ё қасди таҷовуз сабт шудааст.
Оҷонси омори Тоҷикистон танҳо омори ҷиноятҳоро ҷамъ меоварад, аз ин рӯ сабабҳои рӯ ба афзоиш овардани таҷовуз ба номус маълум нест. Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар гузашта гуфтаанд, ки мавридҳои дастдарозӣ ба занон дар кишвар бештар аст, зеро занону духтарон аз “тарси шармсор ва беобрӯ шудан дар байни ҷомеа” ба мақомоти интизомӣ расман шикоят намекунанд.
АП бо такя ба вазорат: Дар кишвар ду навъи зуком доман паҳн мекунад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки дар кишвар зукоми навъи Ҳонконг ва H1N1 ё зукоми хук доман паҳн мекунад.
Масъулини ин ниҳод ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтаанд, ин вирусҳо мавсимӣ ва барои Тоҷикистон нав нестанд.
Нишонаҳои ин ду навъи зуком ба ҳам монанд буда, аз таби баланд, дарди шадиди сар, камқувватӣ, сулфаи хушк ва дарди гулу иборат аст. Дар ин ниҳод гуфтанд, ҷойи ташвишу нигаронӣ вуҷуд надорад.
Аммо сокинон ва бархе аз табибон дар кишвар ҳафтаҳои ахир аз хуруҷи зукоме хабар медиҳанд, ки нишонаҳои он қаблан мушоҳида нашудааст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо шудани ин беморӣ дар кӯдакон, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
Таъкид шудааст, ки сокинон аз табобати худсарона худдорӣ карда, сари вақт ба пизишкон муроҷиат кунанд.