Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Афғонистон 7000 сарбози дигар мефиристанд


Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, имрӯз гуфт, то кунун 25 муттафиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аҳд додаанд, ки барои кӯмак дар ҷанг ба зидди Толибон 7 ҳазор сарбози иловагӣ мефиристанд. Ба гуфтаи вай, эъзоми нерӯҳои бештаре дар пеш аст. Дабири кулли НАТО пас аз мулоқоташ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узв афзуд, нерӯҳои изофӣ соли 2010 вориди Афғонистон мешаванд: " Ҳадди аққал 25 кишвар барои иҷрои маъмурият дар Афғонистон нерӯҳои бештар мефиристанд. Онҳо 7 ҳазор сарбози дигар ваъда кардаанд ва теъдоди бештаре дар пеш аст. Бо ҳисоби нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон дар соли 2010 37 ҳазор сарбози дигар хоҳад дошт." Аммо Андерс Фог Расмуссен, ҳушдор дод, ки ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон илоҷи мушкил нахоҳад буд ва ба кишварҳои узв гуфт, барои муборизаи тӯлоние омода бошанд. Дабири кулли НАТО ба вазирони 28 кишвари узв гуфт, ҷанг бо Толибон, "талошҳои воқеъии гурӯҳиро" талаб мекунад. Дар ҷараёни нишасти НАТО шеваҳои ҷанг бо Толибону Ал-Қоида дар Афғонистон баррасӣ шуд. Пеш аз ин нишаст, дар ҳамин ҳафта Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, ки кишвараш ба Афғонистон 30 ҳазор сарбози иловагӣ мефиристад.
XS
SM
MD
LG