Тибқи он, кишварҳое аз бӯҳрони ҷаҳонӣ зарбаи шадид диданд, ки дар ислоҳоти иқтисодӣ ва пайравӣ аз намунаҳои иқтисодиёти Ғарб муваффақтар буданд. Вазъ шабеҳи қиссаи корвонест, ки вақте садуҳаштод дараҷа ақиб гашт, охиринҳо аввалин мешаванд ва аввалинҳо охирин.
Лука Барбоне, мудири барномаҳои коҳиши фақр ва мудирияти иқтисодӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, 15 ё 20 сол пеш кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва ҳамчунон Осиёи Марказӣ бозори қарзи маскан надоштанд ва одамон агар мехостанд соҳиби манзил шаванд ё худ хона месохтанд ва ё солҳо пул ҷамъ мекарданд. Пас аз поёни Ҷанги Сард бозори пулу вом дар ин давлатҳо бо суръати баланд густариш ёфт ва акнун на танҳо ба қарзи маскан дахл дошт, балки фарҳанги ғарбии зиндагӣ дар умқи уқёнуси қарзҳои гуногун расм шуд.
Барбоне меафзояд: "Яке аз сабабҳои асосии зарбаи сахти бӯҳрони молиявӣ ба минтақа ин муваффақияте буд, ки кишварҳо дар боз кардани дарҳои хеш ва ҳамоиши онҳо бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба даст оварданд. Бо ин онҳо худро дар сари мавҷи бӯҳрон гузоштанд, махсусан дар бахши молиявӣ ва ба андозаи муайян дар бахши тиҷорат."
Вомҳои бузург, хусусигардонӣ ва густариши соҳибкорӣ аз соли 1998 то 2006 зиёда аз 50 миллион нафарро дар кишварҳои собиқ болки Шарқ аз фақр берун овард ва ба рушди синфи миёна замина гузошт. Аммо дар тафовут бо синфи миёнаи Ғарб, ин қишри нав ҳаргиз тамъи бӯҳрону варшикастагиро начашида буд ва омода набуд, дар муқобили бӯҳрон даступо нахӯрад.
Аз рӯи ҳамон тазоди таносуби муваффақият ва зарбаи бӯҳрон, метавон гуфт, иқтисодиёти Тоҷикистон аз Қазоқистон дида осеби камтар дидааст ва агар дар ёд дошта бошем, то нимаҳои сол мақомоти тоҷик мегуфтанд, бӯҳрон ба кишвари онҳо таъсири назаррас нахоҳад кард. Иқтисодшинос Фирӯз Саидов мегӯяд, дар ҳақиқат таъсир бештар дар тиҷорат эҳсос шуд, то низоми молиявӣ.
Бонки Ҷаҳонӣ низ аз коҳиши сармояфиристии муҳоҷирон дар аксари кишварҳо изҳори нигаронӣ кардааст ва мегӯяд, имсол муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон назар ба соли гузашта 15 миллиард доллар камтар пул ба ватани хеш хоҳанд фиристод.
Дар ҳамиин давра нархи нерӯи барқ, газ, об, роҳкиро ва хадамоти зербиноӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақа, вале махсусан Беларус, Украина, Молдова, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маротиб боло рафт ё дар ҳоло боло рафтан аст, ки низ ба вазъи зиндагии мардум асари сахт хоҳад дошт.
Бо вуҷуди ин факту далел, соҳибкори тоҷик, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов, тазоди кашфкардаи гузоришгарони Бонки Ҷаҳониро, ки муваффақтаринҳо осеби бештар диданд ва ақибмондаҳо осеби камтар аз реша рад мекунад.
Вай мегӯяд: "Чунки ин кишварҳо ҳанӯз дар гузашта ҳам, дар солҳои рушд ва пеш аз бӯҳрони молиявии ҷаҳон як силсила мушкилоти худро дшотанд. Аз қабили дастрасии маҳдуд ба сармоя бо сабаб кам будани маблағ дар бонкҳои қарздиҳанда, баланд будани дарсади баҳра, хеле кӯтоҳ будани мӯҳлати қарз ва чизҳои дигар."
Зайд Саидов меафзояд, бӯҳрон на танҳо ба воридоту содирот, балки ба тавлидот низ таъсири ҷиддӣ расонд ва даҳҳо корхонаи хурдро варшикаста кард.
Ҳарду ҳамсӯҳбати мо дар як андеша бо ҳам мувофиқанд, ки бо таъсири бӯҳрон сафи бенавоён дар кишварҳои собиқ блоки Шарқ шадидан афзоиш ёфт. Дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ низ аз ин ҳолат изори нигаронӣ шудааст. Тибқи он, 120 миллион нафар дар Аврупои Марказию Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар вартаи фақр ва 40 миллион нафар поин аз хатти фақр зиндагӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳукуматҳо хостааст, сарфаҷӯии сармояҳоро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Аммо ягона риштае, ки ин ҳукуматҳо метавонанд, харҷро коҳиш диҳанд, амнияти иҷтимоист, ки дар навбати худ, коҳиши он ба афзоиши фақр сабаб хоҳад гашт. Дар чунин интихоби мушкил бонк мегӯяд, омодааст, ба кишварҳо дар ҳифзи тавозун кӯмак кунад ва ба онҳо қарзҳои махсус бидиҳад.
Яке аз сабабҳои асосии зарбаи сахти бӯҳрони молиявӣ ба минтақа ин муваффақияте буд, ки кишварҳо дар боз кардани дарҳои хеш ва ҳамоиши онҳо бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба даст оварданд...