Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори ҷазои сахт ба бомбгузорон шуд


Владимир Путин – нахуствазири Русия имрӯз иқдомоти сахт алайҳи омилони бомбгузории қаторе, шуд, ки ҳафтаи гузашта 26 нафар кушта бар ҷой гузошт. Владимир Путин, ки ба суолҳои шаҳрвандони кишвараш мустақим аз тариқи телевизион посух медод, гуфт, бомбгузорӣ дар қатори Маскав – Санкт – Петербург нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам хатари терроризм дар кишвараш болост: "Фоҷиаи гузашта нишон медиҳад, ки фаъолият дар ин самтро бояд тақвият диҳем. Албатта мо бояд бо ҷинояткороне, ки чунин амалҳои терористӣ анҷом медиҳанд, бисёр сахт амал кунем." Интизор меравад, ки дар суолуҷавоби шаҳрвандони Русия бо Владимир Путин асосан ба масоили иқтисодӣ таваҷҷӯҳ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҳукумат, ба унвони нахуствазири Русия, якуним миллион суол аз тариқи телефону эс эм ва интернет ирсол шудааст. Аз замони раёсати ҷумҳураш то кунун Владимир Путин бори ҳаштум аст, ки бо шаҳрвандони Русия чунин суолу ҷавоб мекунад. Коре, ки то ҳол Дмитрий Медведев накардааст.
XS
SM
MD
LG